Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Муносибати фолклор ва адабиёт. Дар ташаккул ва инкишофи адабиёти бадеии хаттӣ эҷодиёти даҳоникии халқ роли бузург бозидааст. Аз рӯи гуфтаи академик В. В. Виноградов «эҷодиёти бадеии даҳоникии халқ ва забони он ҳамчун қувваи бузурги маданияти муттаҳидкунанда, ҳамчун омили муттафиқшавии миллӣ хизмат кардаанд».1
Дар байни эҷодиёти даҳоникии халқ ва адабиёти бадеии китобӣ алоқаи доимии қатънашаванда ва таъсири калон дида мешавад. Аз замонҳои қадим то имрӯз бо таъсири ҳамдигар бойшавии эҷодиёти коллективӣ ва индивидуалии идома дорад. Беҳтарин асарҳои адабиёти классикии тоҷик дар заминаи материалҳои фолклорӣ офарида шудаанд. Дар зери таъсир ва дар асоси материалҳои мифологӣ ва фолклории халқҳои эронинажод «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ эҷод шудааст. «Шубҳае нест, ки, — мегӯяд проф. Е. Э. Бертельс, — дар адабиёти асри X бисёр чизҳо (ҳатто дар сурати истисно кардани эпоси қаҳрамонии пурҳашамат) бо эҷодиёти омма алоқаманд аст, образҳо ва ташбеҳҳои ҷудогонаи он замонро ҳоло ҳам дар эҷодиёти даҳоникии халқ пайдо кардан мумкин аст»2.
Достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Вис ва Ромин», «Хисраву Ширин», «Юсуф ва Зулайҳо», «Саломон ва Абсол», «Толиб ва Матлуб» ва ғайра дар заминаи образу сюжетҳои фолклори машриқзамин офарида шудаанд. Дар эҷодиёти Рӯдакӣ, Носири Хисрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз, Камол, Саъдӣ, Убайди Зоконӣ, Ҷомӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Сайидо, Савдо, Шоҳин, Аҳмади Дониш ва дигарон таъсири фолклор ва истифода бурдани фолклор равшан мушоҳида карда мешавад. Муаллифони мазкур аз сюжет, образ, ғоя ва жанрҳои фолклор эҷодкорона ва навоварона истифода бурда, асарҳои оригиналии баландсанъату чуқурмазмун ба вуҷуд оварданд ва онҳоро ба шароитҳои нави таърихии ҷамъияти худ мувофиқ сохтанд. Н. Г. Чернышевский дуруст қайд кардааст: «Маълум аст, ки қувваи асосии ҳам Мильтон, ҳам Шекспир, ҳам Боккаҷо, ҳам Данте, ҳам Фирдавсӣ ва ҳамаи дигар шоирони дараҷаи аввал дар он аст, ки онҳо омӯзандаи эҷодкори афсонаҳои халқӣ буданд»3.
Муҷассамаҳои бадеии безавол ва ёдгориҳои бузургтарини адабиёти ҳамаи замонҳо ва халқҳо дар пойи эҷодиёти халқ устуворанд. Дар адабиёти Ғарб ҳам дар асоси мифология ва афсонаю ривоятҳои халқӣ эпоси Ҳомер, фоҷиаҳои Эсхил ва Софокл, қиссаи «Дон-кихот»-и Сервантес, достони «Донжуан»-и Байрон, фоҷиаи «Отелло»-и Шекспир ва «Фауст»-и Гёте офарида шудаанд.
1 В. В. Виноградов. Великий русский язык. М., 1945, стр. 100.
2 Е. Э. Бертельс. История персидско-таджикской литературы (избранные труды), М., 1960, стр. 168.
3 Н. Г. Чернышевский. Полн. собр. соч. Т. XII, М., 1949, стр. 137.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё