Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар таги бедҳои қатор гумаш кардане,
додарҷонум-ой!
Дар об мерава чакмани мохут дорае,
додарҷонум-ой!
Дар даштаки Янғолиқ гуруш кардане,
Усмонҷонуме,
Дар Қаротегин сагири гирюн дорае,
Усмонҷонуме,
додарҷонум-ой!
Чӣ навъе ки мебинем, «Кӯтали Файзобод», «вақти саҳар», «бо шашпар», «Бо ханҷар задан», «дар таги бедҳои қатор» кушта шудани Усмон, «дар об меравад, чакмани мохут дорад», «дар даштаки Янғолиқ гуруш кардан» ва ғайра аз омезиши марсия ва суруди таърихӣ шаҳодат медиҳанд.
Аз сурудҳои таърихӣ боз чанд сурудро зикр кардан мумкин аст, ки онҳо нисбат ба сурудҳои дар боло зикршуда хусусияти дигар доранд. Ин сурудҳо аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун ба жанри суруди таърихӣ бештар монанд буда, дар бораи воқеа ва шахсони конкретӣ бо далели таърихӣ маълумот медиҳанд.
Хусусияти ҷудогонаи ин сурудҳо дар он аст, ки мавзӯи онҳо мисли сурудҳои дар боло зикршуда аз муборизаи меҳнаткашон ва васфи роҳбарони ин гуна муборизаҳо иборат набуда, балки дар онҳо бештар дар бораи золимӣ, ҷаллодӣ ва ноодамии ин ё он ҳоким, амалдор, қӯрбошии босмачиён маълумот дода мешавад.
Масалан, дар бораи бадкирдорӣ, хунрезӣ ва ваҳшонияти писари Пироншоҳ Ботурхӯҷа, ки дар чанд соли нимаи аввали асри XIX мири Мастчоҳ будааст, халқи меҳнаткаши ин диёр суруде эҷод кардааст. Номи аслии Ботурхӯҷа Давлатхӯҷа будааст. Давлатхӯҷа ба хизмати амири Бухоро-Насруллоҳ рафта, дар ҷангҳои Шаҳрисабз иштирок мекунад ва амир ба ӯ номи «ботур» медиҳад. Баъд аз вафоти падараш Ботурхӯҷа мири Мастчоҳ таъин мешавад. Ботурхӯҷа дар золимӣ, бадкирдорӣ, фиску фуҷур, ваҳшоният аз падари худ, ки низ мири Мастчоҳ буд, мегузарад. Мардуми Мастчоҳ аз дасти Ботурхӯҷа хонавайрон гардида, ба дод меоянд, аммо касе ба доди онҳо намемерасад. Вақте ки муносибати амир Насруллоҳ ва Ботурхӯҷа ба сабаби фиребгарӣ ва саркашии Ботурхӯҷа вайрон мешавад, амир маккорона Ботурхӯҷаро бо зану фарзандонаш ба Бухоро ба меҳмонӣ даъват карда, ӯро бо тамоми аҳли оилааш ба қатл ҳукм мекунад. Баъди кушта шудани Ботурхӯҷа мардуми қишлоқи Палдорак манзили ӯро вайрон ва молу мулкашро дар байни худ тақсим мекунанд.
Ҳамин воқеаи таърихӣ асоси суруде шудааст, ки чанд сатри он қарори зайланд:
Ҷои мири Ботурхӯҷа сангистунай,
Ҷои мурдани Ботурхӯҷа Регистунай.
Подшоҳи Бухоро мира кардай кунда,
Сар мебурад ба пеши ӯ чор бача.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё