Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба муқобили ҳокимону амалдорони маҳаллии Қаротегин, бенатиҷа мондани аризаи деҳқонон ва ба муборизаи фаъолона, ба шӯриш гузаштан онҳо нақл карда мешавад, ки худи ҳамин ҳам аз наздик будани суруди мазкур ба сурудҳои таърихӣ дарак медиҳад. Масалан, сатрҳои зерин баъзе аз ин гуфтаҳоро ба хубӣ тасдиқ мекунанд:

Қаландар шидак ҳайрун
Ай ин кори умаро.
Гурехт пои пиёда,
У ба ин кӯҳистун,
Ба чашми зору гирюн,
Ҳодисаро баён кард,
Ба ҷумлаи фақирун.
Гуфтак: «Амирай ҳайвун!
Э рафиқони азиз,
Ай дасти и ҷаллодон,
На хуна монду на чиз,
Ба аҳли мо фақирун!»
У гаҳ бо қаҳру ғазаб,
Гуфтак: «Биёен ин шав
Равем ба сӯи қалъа,
Кунем душманро ғав-ғав»
Халқи ҳамаи қишлоқ
Ай ҳар канора хап-хап
Бо калтаку бо таёқ
Ҷамъ умадан дар у шав.
Равуна шуд бо шитоб,
Ба қалъаи Лаби Об,
Маҳрамсарои ҳоким,
То ки намоян хароб.
«— Ҳай шавохун мезанем,
Дар қалъаи золимум,
Шояд ба ин букунем.
Мушкили худро осун».

Дар суруд баъзе тасвирҳои задухӯрди шӯриш, номҳо ва ҳамин гуна факту далелҳо ба мушоҳида мерасанд, ки онҳо низ барои суруд ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ аз аҳамият холӣ намебошанд.

Суруди «Шӯриши Қаландар» аз суруди «Шӯриши Восеъ» бо он фарқ мекунад, ки агар дар суруди якум воқеаву саргузашти қаҳрамон танҳо нақл карда шавад, дар суруди дуюм садои эҳсосоти гӯяндагон, ҳаяҷон ва муносибати саҳо нисбат ба қаҳрамон дам ба дам ба гӯш расида, пафоси шӯриш ва нафрату адовати халқ равшан аён шуда меистад.

Сурудҳое, ки оиди «Шӯриши Усмон» мебошанд, низ ба воқеаи муҳими таърихӣ — ба шӯриши деҳқонон, ки дар охири соли 1920 ва ибтидои соли 1921 бо сардории Усмон ба муқобили ҳокимияти амирӣ ва маҳаллии бекнишини Қаротегин ба вуҷуд омада буд, бахшида шудаанд.

Халқи меҳнаткаши Қаротегин дар бораи Усмон ду суруд эҷод кардааст, ки ҳарду дорои оҳангу услуби марсия буда, басе

пешина
аз 295
навбатӣ