Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ба овак равонум кардӣ,
Лолазоруме,
Бо химча гирёнум кардӣ,
Асир афтодуме,
Ай поён ғубор омад,
Лолазоруме,
Як куша савор омад,
Асир афтодуме,
Як камчӣ ба қаҳр андохт,
Лолазоруме,
Дар соғрини асп партофт,
Асир афтодуме,
Луфтакома тахт созе,
Лолазоруме,
Дугонаҳома ҷамъ созе,
Асир афтодуме,
Кузам сари санг мондай,
Лолазоруме,
Нимолам ба чанг мондай,
Асир афтодуме,
Ошакама падар хура,
Лолазоруме,
Ғамакама модар хура,
Асир афтодуме,
Сурудҳое, ки ҳасби ҳоли хешовандон ва ёру дӯсти ғариббро акс мекунанд, дар назми ғарибӣ мавқеи ҷудогона доранд. Дар баъзе сурудҳо ҳолати модар, зан ва ё хоҳар аз забони худи ҷавони кулфатзада тасвир мешавад:
Таги дарвоза рафтам, нолиши модар ба гӯш омад,
Дилам сад пора шуду оби чашмам чархзанон омад.
Оби чашмам рехт-рехту ин замин обод шуд,
Ранги сурхи бачагем охир насиби хок шуд.
Сурудҳое, ки хешовандони ғариб гуфтаанд, пур аз оҳу ҳасрат ва сӯзу гудоз мебошанд:
Боғ ба боғ мегардаму ёдам ба ёди дадекам,
Кошки як бор медидам рухсори шоди дадекам.
Дадаҷонам рафтану ман мондиям танҳову зор.
Зору ҳайрон мондиям мисли гуле дар байни хор...
Умуман сурудҳо дар бобати тасвири ҳоли оммаи меҳнаткаш дар шароити ҷамъияти феодалӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд ва барои донистани ҳиссу фикр ва орзую ақидаи аҳли меҳнат аҳамияти хос доранд.
Сурудҳои таърихӣ. Дар назми халқӣ як навъ асарҳое ҳастанд, ки онҳо дар илми фолклоршиносӣ номи сурудҳои таърихиро ба худ гирифтаанд. Дар сурудҳои таърихӣ ҳам унсурҳои асарҳои эпикӣ ва ҳам унсурҳои назми лирикӣ ба назар мерасанд. Сурудҳои таърихӣ аз асарҳои эпикӣ, масалан, аз достон, аз он ҷиҳат фарқ мекунанд, ки дар онҳо сюжети яклухт ва устухонбандии воқеаҳо дида намешавад. Дар сурудҳои таърихӣ масъалаҳои иҷтимоӣ барҷастатар ифода гардида, нуқтаи назари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё