Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 чунин зикр доштанд:
“Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд”. Қайд намудан зарур аст, ки ҳифзи фарҳангу оини миллӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ ва таъмини зиндагии шоиста замина мегузорад. “Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.
Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад”, - қайд доштаанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар маъхазу сарчашмаҳои таърихию адабӣ мардуми тоҷик ҳамчун миллати ҳунарманду шаҳрофар ва бунёдкору созанда зикр ёфтаанд, ки маҳз бо донишу ҷаҳонбинии васеъ тавонистаанд, ки ба таъриху фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоранд. Барои комил гардидани тамаддуни башарӣ мардуми тоҷик хизматҳои арзишманд кардаанд.
Зикр намудан зарур аст, ки ташаккули инсон ҳамчун ҷузъи фаъоли табиӣ маҳз дар натиҷаи меҳнат ташаккул меёбад. То ба шакли имрӯз комил гардидани инсон ба фаъолияту меҳнати эҷодкоронаи ӯ вобастагии амиқ дорад. Тавре муҳаққиқи соҳаи санъати тасвирӣ Бойназаров Б. қайд менамояд: “Инсон бо он зинда аст, ки кор мекунад, эҳтиёҷашро қонеъ менамояд, боз талаботи гуногуне пайдо мешаванд, ҳамин тариқ, сифатҳои мухталифи шахсият ташаккул меёбанд.

пешина
аз 194
навбатӣ