Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА МОҲИЯТИ ОН
Санъату адаб ҳамчун василаи таҳкимбахши маърифату тарбия ва рушддиҳандаи донишу ҷаҳонбинӣ пазируфта шудааст.
Илму фарҳанг ва адабиёт аз аносире ҳастанд, ки рушду бақои ҳар халқу кишвар ба ин муқаддасот ва арзиши миллӣ вобастагии амиқ дорад. Фарҳангу адаби миллати тоҷик таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ба бунёду рушди дигар санъату ҳунарҳои қавму миллатҳо асос гузоштааст. Ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон садҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва адабию меъморӣ мавҷуд аст, ки онҳо бозгӯйи таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошанд. Хушбахтона, баъд аз соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва барқарор намудани ёдгориҳои фарҳангиву меъморӣ бештар гардида, ба шинохти арзишҳои милливу адабӣ замина гузоштанд.
Ҳангоми таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ғори Шахтаи вилояти Кӯҳистони Бадахшон (Помир) тасвирҳои рӯйисангиеро дарёфт намуданд, ки дар онҳо аксҳои гуногун аз лаҳзаҳои зиндагии мардуми он давра инъикос ёфтаанд. Бино ба таҳқиқи академик Бобоҷон Ғафуров намунаҳои санъати тасвирӣ ба давраҳои неолиту энеолит рафта мерасанд. “Чунин ба назар мерасад, ки қадимтарин тасвири рӯи санг дар Осиёи Миёна суратҳои мағораи Шахта мебошад, ки дар Помир кашф шудааст. Дар девори мағораи начандон калоне, ки дар баландии 4200 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст, суратҳои ба ду ранг кашидашуда маҳфуз мондаанд. Суратҳое, ки аз ду маҳалли дигари кӯҳистони Осиёи Миёна – дар наҳри Сариҷас ва Куртикисои наздики мағораи Шахта ёфта шудаанд, ба давраҳои баъдтар, ба аҳди охири неолит ё биринҷӣ тааллуқ доранд”.
Чунин бозёфтҳо гувоҳи онанд, ки миллати тоҷик ба ҳунари санъати тасвирӣ дар рӯйи сангу чӯб ва дигар олот таҷрибаи бою ғанӣ дорад. Таърихи санъати тасвирӣ то кунун марҳалаҳои зиёди тараққиро аз сар гузаронида, маҳз дар натиҷаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои минтақаҳо шакл гирифтаву рушд ёфтааст.

пешина
аз 194
навбатӣ