Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳамеша шеъри шоири саршиноси миллат Назри Яздонро зери лаб зам-зама менамудам:
Эй Худо, пайванд кун бишкастаро, Ҷамъ кун ҷамъи парешонгаштаро.
Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро, Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо.
Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкил бо чунин ҳамдиёрони зиндагии талхдошта суҳбату вохўриҳо ташкил намуда, дилбардориашон менамудам, то онҳо умед ба зиндагӣ дошта бошанд», - гуфта буд дар барнома Тоҳир Розиқов.
Дарвоқеъ, аз рўзгори мушкили ин оилаҳо силсилагуфторҳо тавассути барномаҳои радиои Тоҷикистон, аз ҷумла барномаи «Хоки Ватан» пахш гардида, пайвандони онҳо ин садоро шунида, ба унвонии барнома аз ҷумҳуриву кишварҳои хориҷа номаву мактубҳо низ ирсол менамуданд.
Бояд ёддовар шуд, ки дар таҳия ва пахши барномаи «Хоки Ватан» журналистону коргардонҳо, аз ҷумла Абдурашид Хўҷамқулов, Сурайёи Шуҷоат, Шарифи Мисайзод, Сафаралӣ Нозимов, Сафаргул Олимӣ, Бурҳон Раҳмонов, Аюби Хўҷамқул ва чанде дигарон саҳми муносиб доштанд. Ҳамчунин баҳри омода намудани барномаи мазкур барои шунавандагони бурунмарзӣ Б. Раҳмонов ва А. Таваллоев заҳмат мекашиданд.
Дар барнома андешаҳои чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, илмию фарҳангӣ ва вакилони мардумӣ, аз ҷумла Имрон Шарипов, Мўсо Диноршоев, Лоиқ Шералӣ, Фатҳулло Шарифзода, Талбак Садриддинов, Аҳлиддин Афғонов, Раҳматулло Абдуллоев, Аюбҷон Ҳусейнов, Минтӯра Буттаев, Хушбахт Эшбеков, Сангак Бекназаров, Эшбурӣ Эсанқулов, Саидамир Розиқов, Ҷӯрабек Назриев, Абдулло Назриев, Зафар Нозимов, Саидмурод Ҳотамов, Тағоймурод Хушбахтов ва даҳҳо нафари дигар истифода мешуд, ки барои муттаҳидии миллат мусоидат менамуданд. Бо ин афрод бевосита Тоҳир Розиқов мусоҳибаҳо гузаронида, андешаҳояшонро тавассути барномаҳои радиои Тоҷикистон, хосса барномаи «Хоки Ватан» пахш намудааст.

пешина
аз 194
навбатӣ