Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шунидем, ки писарчадор шудаӣ, муборак бошад! Бо аҳли оилаат ба Ватан баргард, Худоро шукр дунё тинҷиву амонист!
Ҳусейнҷон, бародарат Эҳсонхўҷаро низ гирифта биёр. Аз номи ҳама ба Шумо саломи гарму ҷўшон. Бигзор ҳамаи он ғарибафтодагоне, ки дар мулки Афғонистон зиндагӣ мекунанд, ба Ватан баргарданд.
Зиҳӣ, эй тоҷикам дар Тоҷикистон, Нигар сарсон ҳама дар мулки афғон.
Ба роҳат чор чашми ёру дўстон, Биё ту аз Эрону Покистон».
«Ман сокини ноҳияи Шаҳритуз, кўчаи Чкаловск Давлатнисо Шоҳинбекова. Аз Шумо кормандони радиои Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки салому пайғоми маро ба фарзанди азизам Хайриддинҷон, ки ҳоло дар хоки Афғонистон мебошад, расонед. Хайриддинҷон, чаро Шумо модаратонро ин қадар дар азоб мемонед? Ана, акаат Аҳлиддин сиҳату саломат дар паҳлуи ман мебошад. Аз ту хоҳиш менамоям, ки ҳар чи тезтар ҳамроҳи бибӣ ва амакҳоят ба Ватан баргард».
Ин ҳама дарду ғам ва ранҷу азоби шаҳрвандон бори дигар моро ба андеша мебарад, ки бояд ба қадри сулҳу суботи сартосарӣ ва зиндагии пурнишот бирасем. Нагузорем, ки нохалафе ба сўйи ин Ватан санге бипартояд.
Тоҳир Розиқов дар яке аз мусоҳибаҳо бо банда, ки бахшида ба 20-солагии қабули «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» тавассути барномаи «Ифтихори ватандорӣ»-и радиои Хатлон пахш гардида буд, аз он рўзҳои вазнин барои миллату халқи азизамон ёдовар шуда буд: «Ҳар рўзи ман як рўзи ғаму дард буд. Вақте медидам, ки падару модаре умраш ба ҷое расидаасту аз фироқи дурии фарзанд азоб дорад. Гуларӯсе ҳамагӣ чанд моҳ қабл оиладор шудаву дар ёди маҳбубааш ҳаст.
Ва ё кўдаку наврасе, ки аз волидони худ бо амри қисмат ҷудо гаштаву дар кўчаи зиндагӣ ҳайрону зор аст. Дидани ин манзараҳо маъюсу дилозурдаам менамуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо

пешина
аз 194
навбатӣ