Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллати шарафманди тоҷик ва Пешвои миллат пуштибони асосии забони тоҷикӣ мебошанд. Тараққиёту инкишоф ва камоли давлату миллат ба пойдории забон вобаста аст. Ҳамин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи ҳамдигаранд. Муносибати мо ба забон бояд ҷиддӣ, босаводона ва оқилона бошад. Мо ҳақ надорем, ки забони модариамонро хору зор намоем. Ин рукни муҳимми давлату миллат ҳамеша зарурат ба нигоҳубин ва ғамхорӣ дорад.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони модарӣ симо ва пайкари миллат аст. Ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад”. Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки душман барои нобуд намудани миллату давлатҳо, пеш аз ҳама баҳри аз байн бурдани забони модарии он кўшиш менамояд. Ин шакли мубориза дар замони муосир боз ҳам бештар мавқеъ касб кардааст. Яъне маҳви забон, маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст. Вақте ки мо забони модарии худро хуб медонем, омўхтани дигар забонҳо низ бароямон осон мешавад.
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад

  • гуфтани шоир асоси илмӣ ва воқеӣ дорад. Мо тоҷикон ифтихор менамоем, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимии дунё эътироф гаштааст. Бо забони тоҷикӣ садҳо асарҳои бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва илмиву адабӣ таълиф шудаанд, ки онҳо чун манбаи илму дониш барои шинохти оламу одам мусоидат намудааст. Забондонӣ нишонаи фарҳангу хирад аст, ки барои роҳкушоии маънавиёти ҳар як инсони соҳибдилу дурандеш мусоидат мекунад. Аз ин рў, донистани забони давлатӣ барои тамоми сокинони кишвар ҳатмӣ аст. Ҳар қадар, ки ба сатҳи забономӯзӣ эътибор дода шавад, ҳамон қадар миллат соҳибмаърифат мегардад. Дуруст аст, ки забон калиди дари дониш ва маърифат аст ва дар ҳама зинаҳои инкишофи таърих метавонад ба нафъи инсон хидмат намояд.
пешина
аз 194
навбатӣ