Нигоҳи чашму дил

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодӣ, шиддат гирифтани низоъҳои геопалитикӣ, норасоии оби ошомиданӣ ва маводи озуқаворӣ, ифлосшавии ҳавои атмосфера, обшавии босуръати пиряҳо ва халалпазир гардидани экосистемаи табиӣ тамоми кишвару созмонҳои байналмилалиро ба ташвиш оварда, барои ҳалли ин гуна мушкилот кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои судмандро рӯйи кор гирифта истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни дигар кишварҳо ба масъалаҳои обу экология, бахусус дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, роҳҳои пешгирии обшавии пиряҳо, кам кардани партовҳои корхонаҳои бузурги саноатӣ ва аҳаммияти шинонидани гулу дарахтони гуногуни ҳамешасабз иқдому ташаббусҳои созандаро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст. Бо дарназардошти паёмадҳои хатарзо ба ҳаёти инсоният, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду гузоришҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ масъалаи пешгирии босуръати обшавии пиряхҳоро ба миён гузошта, барои ҳалли ин мушкилоти экологӣ тамоми кишвару созмонҳои ҷаҳонро барои ҳамкорӣ даъват намуданд. 14-уми декабри соли 2022 пешниҳоду ташаббуси навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо” эълон гардид.
Дар ҳошияи ин қатънома тамоми кишварҳои аъзо вазифадор шудаанд, ки барои пешгирии босуръати пиряхҳо тамоми имконияту тадбирҳои заруриро андешанд. Тибқи таҳлилу хулосаи коршиносони соҳа сабаб ва омилҳои босуръат обшавии пиряхҳо ба фаъолияту муносибати нодурусти инсоният ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, алоқаманд аст, ки бояд барои ҳалли ин мушкилот донишҳои экологии сокинон боло бурда шаванд. Давоми даҳ соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷиқистон беш аз ҳазор пирях об шудааст, ки ин ҳолат паёмадҳои нохушоянд дошта, мавҷудияти ҳаётро дар рӯйи замин зери суол мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё