Нигоҳи чашму дил

МАСЪАЛАИ ОБ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар кишварамон сулҳу ваҳдати сартосарӣ ҳукмфармо буда, сокинон бо азму иродаи қавӣ баҳри рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтаву дар бахш ва соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои мухталиф доранд. Қабул ва амалӣ гардидани пешниҳодҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид аз мавқеъ ва ташаббускор будани кишварамон миёни дигар мамлакатҳо дар соҳаи обу экология, гидроэнергетика ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дарак медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмину самаранок истифода намудани оби ошомиданӣ, пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо, сӯхтори ҷангалу бешазорҳо, нодуруст истифода бурдани захираҳои табиӣ, шикори ғайриқонунии парандаву ҳайвоноти нодир ва амсоли ин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт ба Созмони Милали Муттаҳид панҷ пешниҳод намуд, ки хушбахтона, онҳо эътироф ва мавриди амал қарор гирифта истодаанд. Ин аз нуфузи кишварамон дар минтақаву арсаи байналмалӣ дарак медиҳад. Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ба таври хосса арзёбӣ гардид: “Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё