Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бояд қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории тоҷикон ягона сиёсатмадорест, ки бештар ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ҳамеша дар суҳбату вохӯриҳои худ ба ин қишри ҷомеа такя намуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа роҳнамоӣ мекунад. Яке аз падидаҳои нек дар ин самт, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бевосита баҳри ҳалли мушкилиҳои ин қишри ҷомеа ва муаррифии дастоварду комёбиҳои беназири онҳо равона шудааст.
Дигар масъалаи муҳим, ҳамасола дар қаламрави кишвар бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд, ки барои соҳибмаърифат гаштани насли наврасу ҷавони кишвар пешбинӣ шудаанд. Имрӯз ҷавонони кишвар дар самтҳои мухталиф:
сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва варзиш натиҷаҳои баланд доранд, ки ин ҳама аз мавҷуд будани шароити мусоид ва фаъолияти пурсамари онҳо дар ҷомеа дарак медиҳад. Дар кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму таҳқиқот Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба он ҷавонони аз ҷиҳати нерӯи зеҳнӣ тавонманду ихтироъкор пешбарӣ ва сарфароз мегарданд. Ҷавонони саодатманди кишвар, аз ғамхориву муҳаббати беандозаи Роҳбари давлат хушҳол буда, худро барои амалигардии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул медонанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дучанд фаъолият намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳо боз ҳам тақвияту густариш медиҳанд.

пешина
аз 194
навбатӣ