Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин рў, ҳамаи моро лозим меояд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишварро, ки асоси он сармоягузорӣ ва соҳибмаърифат намудани сокинон мебошад, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри пешрафти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ саҳми муносиб гузорем.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАР
Дар ҳар як давру замон ҷавононро ояндаи дурахшони миллату давлат ва давомдиҳандагони кори падарон мегӯянд, ки ин дарвоқеъ, дуруст аст. Миллати ориёитабори тоҷик дар тули таърихи бисёрсолаи худ ҷавонони бонангу номусро дар тамоми риштаҳо парвариш намудааст, ки то имрӯз таърихи башарият аз онҳо бо некӣ ёд мекунанд. Хизматҳои нобиғагони миллати тоҷик, аз ҷумла Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абуали ибни Синно, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ ва қаҳрамониҳои Рустам, Темурмалик, Спитамен, Муқаннаъ, Восеъ ва амсоли онҳо василаи пайравии ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик баъд аз пошхӯрии аввалин давлати миллии тоҷикон Сомониён ба зери истисмору зулми дигар қавму миллатҳо гирифтор шуда, дубора маҳз бо кӯшишу талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, чун Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати мустақил гардид. Ин рӯйдоди муҳимму фараҳбахши таърихӣ боиси ба вуҷуд омадани дигаргуниву таҳаввулот нек дар соҳаҳои мухталиф гардид.
Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз садҳо рӯйдоду воқеъаҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ҳодисаест, ки боиси таҳкиму тақвияти сулҳу суботи сартосарӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар кишвар гардид. Дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳам тақдирсоз сиёсатмадори ҷавон ва умедбахш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин фаъолияти сиёсии худ бо исрор ва боварӣ гуфт, ки:
“Ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Ин суханҳои руҳафзо ба қалбҳои ҳар сокини кишвар тухми некиву боварӣ ба фардоро кишта, миллати парокандаву парешонро муттаҳид намуд.
Ҳамин суханони таъсиргузори роҳбари давлат мардуми дур аз Ватанро ба сӯйи хонаву наздикон баргардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирҳои судманд зери роҳбариву фаъолияти пурсамари фарзандони фарзонаи миллат тавонист, ки дар кишвар зиндагии дубораи осудаҳолонаро барои сокинон ба вуҷуд оварад.

пешина
аз 194
навбатӣ