Нигоҳи чашму дил

Дар шароити имрўзаи бархўрди фарҳангу тамаддунҳо, вусъат гирифтани низоъҳои геопалитикӣ ва пешгўӣ нашудани сиёсатҳо танҳо шахси худшиносу худогоҳ, соҳиби хираду дониши баланди замонавӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ ҳамаҷониба ташаккулёфта метавонад манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.
Ҳамин омилҳои ба амнияту суботи кишварамон таҳдидкунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар дарк намуда, ҷиҳати соҳибмаърифату соҳибкасб гардидани сокинони кишварамон чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Василаи дигаре, ки ба тақвияти неруи зеҳнӣ асос гузошт, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Илм – фурўғи маърифат” мебошад. Омўзишу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки чунин озмунҳо боиси кашфи соҳибистеъдодҳо ва рушди маънавиёти ҷомеа гардид. Масъалаи дигаре, ки зери таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад, ин бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳқиқотӣ ва илмиву фарҳангӣ мебошад, ки он ҳамчун василаи муҳимми муаррифии миллату давлат пазируфта мешавад.
Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ватандўсту соҳибкорони саховатпеша дар ҳудуди кишварамон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд меёбанд, ки ин аз ояндаи дурахшони кишварамон дарак медиҳад. Илова бар ин, натиҷаи таҳқиқоту бозёфтҳои олимони кишвар дар истеҳсолот татбиқ гардида истодааст, ки чунин муносибат, албатта, дар пешрафту шукуфоии соҳаҳои гуногун мусоидат мекунад.
Дарвоқеъ, миллату давлатро дар арсаи байналмилалӣ маҳз бо шахсони соҳибмаърифату эҷодкор, навовару ихтироъкор мешиносанду эҳтиром менамоянд. Аз ин рў, имрўз давлату ҳукумат барои муҳаққиқону олимони бахшу соҳаҳои гуногун шароити бурдани корҳои илмиву таҳқиқотиро муҳайё намудааст. Қайд намудан зарур аст, ки тамоми дарунмояи суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дўст доштани Ватан-Модар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати сартосарӣ, шинохти дурусти асолати миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дар маҷмуъ, тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё