Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бояд зикр намуд, ки самаранок истифода намудани об аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Ба таҳқиқи олимони соҳа ҳаҷми умумии об дар ҷаҳон ба 1,4 миллиард км3 мерасад, ки 90 млн км3-ро обҳои масоҳатҳои хушкӣ дар бар мегиранд. Масоҳати баҳру уқёнус ва кулу дарёҳо
71 фоизи масоҳати заминро фаро гирифтаанд. Истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи он яке аз масоили мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, кишварҳои ҷаҳон, созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ширкату муассисаҳо ба омӯзишу баррасии масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, оид ба истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳоло дар сайёра бисёре аз сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ин ҳолат кишвари моро водор месозад, ки тамоми созмону кишварҳоро барои ҳамкорӣ ва ҳалли ин мушкилот ҷалб намуда, дар ин самт саҳмгузор бошанд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Вазорату Кумитаҳои марбут ба соҳа паёмадҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба инобат гирифта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва консепсияву барномаҳои давлатиро пешниҳоду қабул намудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо ба пешрафту кори соҳа мусоидат менамояд. Аз ҷумлаи чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи об Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, №791 «Дар бораи барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони об»
аз 8-уми ноябри соли 2006, №387, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иншооти гидротехникӣ» аз 10-уми марти соли 2010, №565, Барномаҳои миллии «Оид ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист» ва «Оби тоза ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он” ва “Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд.

пешина
аз 194
навбатӣ