Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ дар баромадҳои худ ва суҳбату вохӯриҳо аз самаранок истифода бурдани замин сухан намуда, мардумро ба меҳнат роҳнамоӣ мекард. Бо гузашти начандон дури фаъолият натиҷаҳо дар совхози собиқ Киров, ҳозира ҷамоати деҳоти “Яккату”-ти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаргунӣ дар рӯзгори сокинон ба вуҷуд омад, ки ин ҳолат Раҳмиддинро хеле хушнуд менамуд.
Раҳмиддин Давлатов аз соли 1995 то соли 2000-ум ҳамчун роҳбари Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият намуд. Роҳбарони давр ба хулосае омаданд, ки Раҳмиддинро ба хоҷагии ҳамсоя ҳамчун роҳбар таъин намоянд, зеро ин хоҷагӣ то андозае ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ буд. Бо роҳбари хоҷагӣ таъин шудан дубора фаъолиятро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил гардид, ки ин обрӯву мавқеи ӯро дар назди халқ ва роҳбарони давр боло бурд.
Раҳмиддин Давлатов мегӯяд, ки меҳнат барои саломатии инсон таъсири амиқ дорад. Ҳоло барои сокинон тамоми шароит фароҳам шудааст. Ҳамаи пешравиҳо ба фаъолияти роҳбар вобастагии зиёд дорад. Муносибати самимӣ метавонад омили пешрафт дар соҳаҳао бошад. Хусусан, Раҳмиддин Давлатов дар хоҷагиҳое роҳбар буд, ки дар онҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар сокинон зиндагӣ менамуданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз истиқлолияту ваҳдати миллӣ ба рушду нумуи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ замина гузошт. Мардум аллакай дарк намудаанд, ки кадом роҳ метавонад онҳоро ба саодат расонад. Шукри оромии кишвар, ки ҳоло шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳоло ҳам лозим аст, ки барои афзудани чунин нишондиҳандаҳо меҳнат намоянд.

пешина
аз 194
навбатӣ