Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАХШИ II.
МАҚОЛАҲОИ ПУБЛИТСИСТӢ ВА ИЛМӢ

ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАР
Соҳаи маориф ва илм дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти маорифпарвари
кишвар, қарор дошта, дар даврони Истиқлолият баҳри рушду
густариши ҳамаҷонибаи он шароити мусоид фароҳам оварда
шудааст. Ҳамин таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа аст, ки ҳамасола дар
кишварамон даҳҳо муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва
синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва шахсони
саховатпешаву ватандӯст бунёд меёбанд, ки ин ҳама баҳри
соҳибмаърифату соҳибкасб гардидани сокинони мамлакат
мусоидат мекунад. Қайд намудан зарур аст, ки рушду густариши
тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз фаъолияти пурсамари
кормандони соҳаи маориф ва илм, хусусан муаллимони
соҳибтаҷрибаву масъулиятнок, вобастагии зиёд дорад. Имрӯз
шароити корӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба талаботи муосир
мутобиқ гардонида шуда истодааст, ки ин ба сифати ташкилу
баргузории машғулиятҳои таълимӣ низ таъсири мусбат
мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин
хусус ба маврид қайд намуданд, ки: “Бо вуҷуди он ки раванди
таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст,
зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати
таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани
забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло
бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ,
дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани
забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи
аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Дарвоқеъ, омӯзиши
пайваста ва мақсаднок ба мо имкон медиҳад, ки асрори оламу одамро дарк намуда, ба ин васила дар пешрафти ҷомеа саҳми муносиб гузорем.

пешина
аз 194
навбатӣ