Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МЕҲНАТ ШАРАФ ВА ОБРУ ФИЗОЯД
Яке аз талаботи сохти собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аз кӯҳистон ба минтақаҳои гуногуни кишвар муҳоҷир намудани сокинон буд. Ин тадбири муҳимми давлатӣ ҷиҳати вусъат пайдо намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мусоидат менамуд.
Аҳли хонаводаи Раҳмиддин Давлатовро низ чун дигар сокинони водии Қаротегин дар солҳои 1949 ба совхози собиқ Киров, ҳозира Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, меоранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки кишти пахта барои давлати Шӯравӣ бисёр муҳим буд. Дар ин давра заминҳои водии Вахш бо ҷалби мутахассисону кишоварзон аз худ карда мешуд ва дар он кишти пахта васеъ ба роҳ монда мешуд. Албатта, барои кишти пахта қувваи корӣ лозим буд. Аз ин рӯ, аз тамоми минтақаҳои кишвар сокинон муҳоҷир карда шуданд, то дар ин тадбири муҳимми давлатӣ саҳмгузорӣ намоянд. Водии Вахш, хусусан ҳозира минтақаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, туғайзор буд ва бо талошҳои фарзандони фарзонаи миллат аз минтақа ҳосили хуби пахта рӯёнида мешуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, аммо бо таъсиру дахолати душманон ҷанги таҳмилӣ дар кишвар ба вуқуъ омад. Аз ин ҳолат душманон истифода бурда, тамоми дороиву сарвати кишварро дуздида, ба хориҷа мебурданд. Дар ин вазъи ҳассос, ки тақдири миллату давлати тоҷикон муайян мегардид, фарзандони фарзонаву хирадпешаи кишвар талошҳои зиёд намуданд. Ҳукумати давр ба хулосае омад, ки роҳбарии совхозро ба Раҳмиддин Давлатов вогузор намоянд.
Раҳмиддин Давлатов бо такя ба қувваи бузурги халқ тавонист дар кӯтоҳтарин муҳлат вазъи иқтисодии хоҷагиро беҳтар намояд. Ин тадбирандешиҳо боис ба он шуд, ки вазъи некуаҳволии зиндагии сокинон марҳила ба марҳила беҳтар гардад.

пешина
аз 194
навбатӣ