Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунин замина дар давраи фаъолияти давлати абарқудрати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузошта шуда буд.
Мардум ин вазъиятро зуд фаҳмида натавонист ва талафоти зиёд низ ба бор овард. Хушбахтона, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони сарсупурда тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намуда, мардумро ба сӯйи саодат роҳнамоӣ кунанд.
Қайд намудан зарур аст, ки муттаҳид намудани тафаккуру хиради азалии миллӣ танҳо ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод. Ӯ ва ҳамфикронаш маҳз бо ҷаҳду талошҳои хастанопазир тавонистанд, ки дар кишвар офтоби ваҳдату дӯстиро таъмин созанд. Муттаҳидӣ боиси таъмини сулҳу ваҳдат дар қаламрави кишвар гардид. Мутаассифона, дар дохили кишвар нафароне буданд, ки ба авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ низ сабаб мешуданд.
Ба андешаи Қуввати Дод, миллати тоҷик аз тарафи баъзе аз фарзандони ноогоҳи худ ҷабру ҷафои зиёд дид. Барои як пора нон ва ғизо нафарони зиёд ҷон бохтанд. Хушбахтона, дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ халқи меҳнаткаши тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Тамоми пешравиҳое, ки дар кишвар ба вуқуъ пайваст, бе меҳнату талош ба даст наомадааст.
Мо бояд аз пештара дида ба қадри ин ҳама ободиву пешрафт бирасем ва нагузорем, ки нохалафе нақшаҳои бади худро амалӣ намоянд. Имрӯз тамоми минтақаҳои кишвар ободу зебо шудааст ва бояд аз пештара дида зиёдтар меҳнат кунем.
Ҳоло барои сокинони кишвар тамоми шароити мусоиди фаъолияту зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Халқ бояд ба қадри ин ҳама дигаргуниву пешрафтҳо бирасад. Танҳо меҳнати ҳалол, дӯстдории обу хоки кишвар ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ зарур аст. Ин рисолати инсониву шаҳрвандиро ҳамагон, хосса сокинони минтақаи Қубодиён, хуб дарк намуда, дар пешрафту шукуфоии диёр аҳлона заҳмат мекашанд.

пешина
аз 194
навбатӣ