Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ МУҲИМ АСТ
Омӯзиш ва таҳқиқи таъриху фарҳанг ва фаъолияту рӯзгори мардуми минтақаҳои кишвар аз тарафи муаррихон ба таври васеъ омӯхта нашудааст. Аммо то андозае ин масъала диққати аҳли илму эҷодро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан, минтақаи ҷануби кишвар, хосса ноҳияҳои имрӯзаи Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав, ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудаанд. Яке аз чеҳраҳои тобноки илму эҷод дар кишвар, ки то андозае дар ин самт паҳӯҳишҳо намудааст, Қуввати Дод мебошад. Ӯ дар ин ҷода дар такя ба санадҳои таърихӣ, суҳбат бо пирони рӯзгордида ва таҷассуми он дар китобу нигоштаҳои олимону муаррихон ва сайёҳону эҷодкорон ин мавзеи таърихиро арзёбӣ намуда, ба он баҳои воқеӣ додааст.
– Пӯшида нест, ки сокинони ин мавзеъ дар вазъи буҳрони маънавӣ қарор доштанд. Аз пешрафту кашфиётҳои илму фарҳанг дур буданд. Сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дарки ҳодисаҳо аз ҷониби онҳо дуруст сурат намегирифт. Ин ҳолат боис ба он мегашт, ки ин минтақа хеле суст тараққӣ кунад. Баъд аз солҳои 50-уми асри гузашта рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар ин минтақа таъмин гардид, - гуфт Қуввати Дод.
Қуввати Дод чун дигар эҷодкорон аз дидаву шунида ва хондааш ба тасвири вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ин минтақаи зебои кишвар ҷаҳд намуда, онро дар асару мақолаҳояш пайваста шарҳу тавзеҳ медиҳад. Зикр намудан зарур аст, ки мақсад аз баррасии ин масъала ифтихор доштан аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.
Хушбахтона, халқи тоҷик ҳамеша соҳибфарҳанг ва тамаддунофар буду ҳаст ва хоҳад монд, - гуфт Қуввати Дод.
Зимни суханронӣ Қуввати Дод изҳор дошт, ки халқи тоҷик дар давраи мураккаби таърихӣ истиқлолияти худро эълон намуд. Душманони миллату давлат аз зудбоварии халқи тоҷик истифода намуда, онҳоро зидди ҳам шӯрониданд. Ноогоҳӣ аз нақшаи бади душманон боиси авҷ гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

пешина
аз 194
навбатӣ