Нигоҳи чашму дил

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки дар натиҷа 27 санади муҳим дар соҳаҳои мухталиф миёни ҳарду давлати бародару дўст ба имзо расид.
Бо ин мисраъҳои пурҳикмати адиб Кўҳзоди Фатҳулло таманнои пойдории ин ваҳдату иттиҳод ва бародарию баробарии миллатҳои тоҷику ўзбекро менамоем:
Шод карда ҳар дили бишкастаро, Боз ин дарҳои занҷирбастаро.
Ин ду сарвар хуррамӣ бахшидаанд Ҳар ду халқи аз ҷудоӣ хастаро.
Роҳ аз занҷиру банд озод шуд, Руҳи Ҷомиву Навоӣ шод шуд!
Миллати сарбаланди тоҷик, ки ҳам заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам шаҳди Ваҳдати миллиро чашидааст, хуб дарк мекунад, ки барҳамзанандаи ҳамаи шодиву нишот ҷанг ва асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо сулҳу ваҳдат аст. Воқеан ҳам, барои ҳар фарди худшиносу худогоҳ боиси сарбаландиву сарфарозии зиёд аст, ки дар мулки амну ором зиндагӣ дорад.
Марому мақсади ҳар кадоми мо дар назди халқу миллат, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолу озодӣ, хизмати софдилона намудан ба мардум ва Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё