Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ки асоси онро расидан ба зиндагии шоистаи сокинон ташкил медиҳад, амалӣ гардид.
Дарахти парвардаи Ваҳдат ба он андозае решааш қавӣ шуда, самар овард, ки имрўз натанҳо сокинони кишвар ва ё халқи тоҷик, балки дигар қавму миллатҳо низ аз он коми худро ширин менамоянд.
Истиқлолияту ваҳдат, дўстиву бародарӣ ва якдиливу якдигарфаҳмӣ омилҳое мебошанд, ки дар мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ, тарбияи шахсони ватандўст, инкишофи фарҳангу маънавиёт, нақши хоса доранд. Ҳар гоҳе, ки ба рушду равнақи ин ҷиҳатҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад, ҳамон қадар натиҷаҳо низ чашмрас мегарданд. Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаву ҳадафҳои стратегии худ, ки дар мадди аввал боло бурдани ҳисси худшиносии сокинон, хусусан наврасону ҷавонон, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои илму фарҳанг, тарбияи насли созандаву бунёдкор қарор дорад, муваффақ гашта истодааст. Рушду инкишофи ҷомеа аз шаҳрвандони ватандўст вобастагии зиёд дорад, - мегўяд мусоҳиби мо Эшбурӣ Эсанқулов.
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Дарвоқеъ, дўстиву ваҳдат барои тамоми мавҷудоти зинда, хосса инсонҳо шарти муҳимму асосӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллати тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатсозӣ «Дарҳои кушод»-ро интихоб намуд, ки он натиҷаҳои арзишманд дар тамоми ҷабҳаҳо ба бор овард.
Ҳамасола дар кишвар даҳҳо рўйдодҳои ҳаётан муҳимми сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ ба вуқуъ мепайвандад, ки дар рушди кишвар замина мегузоранд. Чунин як воқеаи таърихӣ ва пураҳмият, ин барқарор шудани муносибатҳои дўстонаи мардумони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон мебошад. Ин падидаи деринтизор дар натиҷаи сиёсати сулҳҷўёнаи роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҷассум ёфтааст.

пешина
аз 194
навбатӣ