Нигоҳи чашму дил

Сиёсатмадорону зиёиён ҳарчанд мардумро ба иттифоқу ваҳдат моил менамуданд, аммо қувваҳои ғаразнок боиси парешон намудани ин ҳама муттаҳидиҳо мешуданд. Маҳз дар ин давраи ҳасоси таърихӣ фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурўҳи равшанфикрон ба сари қудрат омаданд. Онҳо кори давлатдориро аз барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ оғоз бахшиданд ва дар як марҳилаи кӯтоҳ дар ин самт натиҷаҳо ба таври шоиста рушд кард. Дар ин давраи ҳассоси таърихӣ Эшбурӣ Эсанқулов вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҷиҳати сари вақт ба эътидол овардани вазъи ноороми давлат роҳу усулҳои навро амалӣ менамуданд.
Баъд аз эълони Истиқлолияти давлатӣ бо дахолати давлат ва ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар низову нофаҳмиҳо дар ҷомеа бавуҷудомада, боиси муборизаҳои шадиди шаҳрвандӣ ва хисороти зиёди ҷониву молӣ гардид. Охири соли 1992 вазъият боз ҳам мураккаб гардида, дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳодисаҳои нохуш ба вуқуъ мепайваст. Пояҳои давлат заиф шуда буданд ва аз ин вазъият гурўҳҳои зиёди манфиатҷў бо ташкил намудани ҳизбҳои сиёсӣ истифода бурда, мехостанд ба сари қудрат биёянд. Маҳз бо даъвати бисёр вакилони дурандешу ватандўсти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Эшбурӣ Эсанқулов онҳо бо ҳам омада, бояд ҳар чи зудтар пеши роҳи тамоми хунрезиву низоъро мегирифтанд.
Яке аз воқеаҳои муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсоз дар баробари эълони Истиқлолияти давлатӣ баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рӯйдод дар марҳилае гузаронида шуд, ки миллат ва давлати тоҷикон дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт. Вазъият ба он ҳадде мураккаб гардида буд, ки касе наметавонист ба ҷое сафар кунад. Умед ба зиндагӣ аз байн рафта буд. Аз ин вазъи ногувор Эшбурӣ Эсанқулов бисёр ғамгин мешуд. Ў кўшиш менамуд, ки дар дили мардум шуълаи умеду орзуро фурўзон кунад. Аммо, нооромиҳо монеи ин ҳама корҳо мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё