Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МАРОМИ ҲАР КАДОМИ МО БОЯД “ХИЗМАТ БА
ХАЛҚ ВА ВАТАН” БОШАД
Ҳар гоҳе, ки дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи аъзои оилаи Эсанқуловҳо сухан меравад, пеш аз ҳама заҳмату талошҳои бунёдкоронаи Тўрахон Эсанқулов пеши назар меояд.
Соли 1929-1930 ин марди меҳнатдўст ҳамроҳи аҳли оилаи худ барои азхудкунии заминҳои водии Вахш ба ноҳияи собиқ Калхозобод ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ меоянд. Бо гузашти вақт Тўрахон бо Бибиҷон оила барпо менамоянд ва ба бахти онҳо Эшбурӣ ба дунё меояд, ки маҳз бо кору фаъолияти созандаи худ бори дигар исбот менамояд, ки оилаи онҳо дар роҳи созадагиву бунёдкорӣ таъсиргузор ҳастанд.
Эшбурӣ аз давраи наврасиву ҷавонӣ ба фаъолияти меҳнатии падараш Тўрахон Эсанқулов мароқ зоҳир менамуд. Ў орзу менамуд, ки чун падараш дар роҳи бунёдкориву созандагӣ саҳмгузор бошад. Аз ин рў, бо роҳнамоиҳои падараш ба корҳои роҳбарӣ ҷалб мешавад. Падари рўзгордида ба Эшбурӣ таъкид менамуд, ки ҳамеша дар ғаму шодии мардум ҳамроҳ бошад, бо онҳо муомилаи хуш дошта бошад ва ёрӣ расонад. Худи ў низ зимни мусоҳиба изҳор дошт, ки ҳар нафаре, ки барои миллату давлати худ софдилона меҳнат мекунад, ўро ҳамагон дўст медоранду эҳтиромаш мекунанд.
Баъди пош хўрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ барои халқи тоҷик зарурати таъсиси давлати мустақил пеш омад. Бо ин мақсад 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд, аммо бо гузашти вақти кўтоҳ бо дахолати душманони аҷнабӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин давра халқи тоҷик ва сокинони Тоҷикистон ба мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию равонӣ рў ба рў шуданд. Хонаводае набуд, ки ин муноқишаву кашмакашиҳои замон ба он таъсир накарда, талафоти ҷониву молиро ба вуҷуд наоварда бошад.

пешина
аз 194
навбатӣ