Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

4-уми июли соли 2021 қалби Саидамир Розиқов аз тапидан боз монд.
Ҳарчанд ӯ моро абадан тарк гуфта бошад ҳам, номи нек, хотираву суҳбатҳои муассираш дар қалбу хотираи мо дӯстону наздиконаш абадист. Шоир дар ин маврид басо хуб фармудааст:
Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест, Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Хушбахтона, як қатор фарзандони Саидамир Розиқов, хосса Маҳмуд Розиқов, подполковник, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён, Розиқзода Муродалӣ Саидамир, майор, хатмкунандаи мактаби Олии ҳарбии давлати Русия, ҳамзамон муҳассили Академияи Олии ҳарбии Федератсияи Русия, Бахтиёр Розиқов, майор, корманди Хадамоти гумруки фурӯдгоҳи Хуҷанд, Диловар Розиқов, майор, корманди Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Сафархӯҷа Розиқов, пропоршик, корманди Неругоҳи барқии обии Роғун идомадиҳандаи кору фаъолияти падар мебошанд.
Дар шароити имрӯзаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, шиддат гирифтани низоъҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро метавон аз фаъолияти ватандӯстонаву ибратомӯзи чунин шахсони меҳанпараст, ба хусус Саидамир Розиқов, қисса кардаву онро мавриди омӯзиш қарор дод. Мо боварии комил дорем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, вилояти Хатлон ва дигар ташкилоту идораҳо баҳри гиромидошти хотираи поки Саидамир Розиқов номи муассисаи таълимгирифтаи ӯ, деҳа ва ё ҷамоатро ба номаш мегузоранд.

пешина
аз 194
навбатӣ