Нигоҳи чашму дил

Ягона роҳе, ки метавонист ҳар чи зудтар ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нуқта гузорад, ин бо як мақсад омадани аъзои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Эшбурӣ Эсанқуловро мебоист, ки дар қатори беш аз 200 нафар аъзо дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд. Макони баргузории Иҷлосия шаҳри бостонии Хуҷанд интихоб шуд, зеро вазъият дар марказ ва дигар минтақаҳо мураккаб буд. Эшбурӣ Эсанқулов бо ҳамроҳони худ бо машаққатҳои зиёд ба ин Иҷлосия расида, дар кори он иштирок карданд.
Бояд қайд намуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани пояҳои фалаҷшудаи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас аст.
Ҳангоми ба сари қудрат омадани ин марди хирадпеша, сулҳҷў ва дурандеш раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҷомеа мақоми тоза касб кард. Ин омил имкон дод, ки оромиву субот дар мамлакат таъмин шуда, орзуву ниятҳои шаҳрвандон амалӣ гардад. Имрўз ҳар фарди ҷомеа дуруст дарк кардаанд, ки маҳз пойдории Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ метавонад, миллату давлатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшад. Дарвоқеъ, Пешвои миллат бо эҳсоси ватандўстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат овард ва бояд ба қадри он мо бирасем, - зикр доштанд Эшбурӣ Эсанқулов.
Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосо дар натиҷаи меҳнату заҳматҳои шабонарўзии фарзандони фарзона ва дурандешу хирадманд рўз то рўз ободу зебо шуда, дастовардҳояш афзун гашта истодааст. Ин, бешак, ба ҳастиву равони ҳар фарди соҳибватан бетаъсир буда наметавонад ва моро ҳар лаҳза барои боз ҳам ободу зебо намудани ин меҳан водор месозад. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид ёдовар шудааст, ки:
«Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё