Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ин монанд боз аз дигарон даҳҳо қиссаву корномаҳои ибратомӯзу муассири Саидамир Розиқовро шунида, хоҳиши аз наздик ошноӣ пайдо карданамро бо ин шахсияти соҳибдил доштам. Билохира, рӯзе насибам гардид, ки бо ӯ дар суҳбате нишинам ва ба дунёи пурасрору саршор аз меҳру муҳаббаташ, ки нисбати ин меҳану сарзамини аҷдодӣ ва мардуми шарифамон доранд, ворид шавам. Дар ҷараёни суҳбат аз ӯ хостам, ки дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти пурсамару корҳои неку ҳамидааш маводе нависам, аммо мавсуф бо ҳамон хоксориву фурутанӣ изҳор дошт, ки ин чизро хуш надорам ва агар дар зиндагӣ ва фаъолиятам заррае барои мардум амали хайреро анҷом дода бошам, ин ҳамон рисолат ва қарзи инсониам аст. Ӯ ин сатрҳои пандомӯзи шоир Абулқосим Лоҳутиро шиори ҳамешагии зиндагии худ қарор дода буд:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ки мардӣ, Имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.
Боз тақдир насибам намуд, ки маротибаи дуюму сеюм ҳам бо Саидамир Розиқов нишинаму вобаста ба масъалаҳои гуногун ҳамсуҳбат шавам. Бо ӯ нишастану суҳбат намудан як лаззати хоссе дошт. Ӯ қомусеро мемонд, ки ҳамсуҳбат ҳар чизи мехостаашро аз он пайдо мекард. Дар ҷараёни иртибот намегузошт, ки ҳамсуҳбаташ хаста гардад ва дар мавриди зарурӣ ҳам латифа, ҳам шеъру ғазал, рубоиву дубайтӣ ва ҳам хотираҳои аз сафару ҳамнишонҳои бо шахсиятҳои гуногун доштаашро бо меҳру ихлоси зиёд баён мекард. Ва ин шеъри Муҳаммад Некхоҳро хеле дӯст медошт:
Биё, бишинем ба ҳам як дамаке, як дамаке, Биё, барорем зи дил мо ғамаке, як дамаке.
Мегузарад умри азиз, мову Шумо ғаниматем, Ҷуръаи май ба каф гирем, кам камаке, як дамаке, Мову Шумо ҳамнафасем, ба қадри якдигар расем, Шукр гӯем зи дӯстӣ, ҳар дамаке, ҳар дамаке...

пешина
аз 194
навбатӣ