Нигоҳи чашму дил

Ҷаббор Саидов падари панҷ фарзанд буда, барои тарбияи дурусти онҳо диққати хоса медиҳад. Соли 2008 оилаи Саидовҳо ғолиби озмуни «Оилаи беҳтарини шаҳри Қӯрғонтеппа» дониста шудааст. Танҳо фарди соҳибхираду ватандӯст ва бофарҳанг метавонад дар рушди оилаву давлат саҳми арзанда гузорад.
Фаъолияти чунин инсон барои пайравӣ арзанда аст.
МАРДИ ФОЗИЛУ СОҲИБДИЛ
Рӯзе дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ҳамроҳи ҳамкорам, журналисти варзида Сурайё Самиева дар хусуси инсонҳои наҷибу сарсупурдаи меҳан суҳбат доштем ва ӯ дар ин партав яке аз ҳодисаҳоеро нақл намуд, ки барои ман бисёр ҷолибу муассир буд. Ӯ пеш аз оғози ин қисса андаке сукут варзидаву ашк аз чашмонаш ҷорӣ гардиду ба нақл оғоз кард:
– Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯзгори мардуми кишвар хеле душвор гардида, норасоии маводи озуқа дар ҳар хонадон эҳсос мегардид. Одамон аз гуруснагӣ гиёҳу алафҳои гуногун, тухмиҳои ҷорубу ҷуворимака ва кунҷора хӯрда, ба ҳар гуна бемориҳо рӯ ба рӯ гардида, баъзеашон мефавтиданд. Умед ба зиндагии оянда қариб намонда буд. Ҳамин ҳодисаву низоъҳои бемаънӣ чун дигар оилаҳои кишвар ба хонаводаи мо низ бетаъсир намонд. Модарам ба бемории саратон гирифтор шуда, хеле азият мекашиданд. Табибон роҳи илоҷи бемориро наёфтанд ва модарам фавтиданд. Мо аҳли хонавода, аз як тараф, барои аз даст додани модарамон ғамгин будем, аз ҷониби дигар, норасоии маводи ғизоӣ басо парешону нороҳатамон мекард.
Ҳар нафаре, ки барои таъзия баён кардан ба хонаамон меомаданд, чизе намеёфтем, ки пеши онҳо дар дастархон гузорем. Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкил марди нуроние ба даргоҳамон ворид гардида, таъзияи худро барои даргузашти модарамон баён намудаву баромада рафт. Мо ҳама ба якдигар менигаристему намедонистем, ки ин мард кӣ бошад ва бо оилаи мо чӣ робита дорад. Пас аз соате автомашинае ба хонаамон даромаду маводи ғизоӣ, ки аз орду равған, картошкаву пиёз, қанд ва меваҳо иборат буд, фаровард. Ҳангоми дидани ин маводҳои ғизоӣ, гӯё ки дар хонаи мо умед ба зиндагӣ дубора эҳё шуд. Баъд аз муддате мо аҳли хонавода фаҳмидем, ки ин ҳама маводи ғизоиро барои хонаамон роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Саидамир Розиқов равон карда будааст. Солҳои зиёд аз ин ҳодиса гузашта бошад ҳам, пайваста аъзои хонаводаи мо ин некиву амали хайри ӯро ёд менамоянд, - гуфт Сурайё Самиева.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё