Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Модарҷон, ҷон модарҷон, камтар сабр кун, ҳамааш хуб мешавад. Аз шаҳр ба деҳа омаданамонро ҳоло як рўз ҳам нашудааст, баъдтар дар ин хусус суҳбат мекунем, - гуфт Ёдгор.
    Рўзи дигар Ёдгор ба назди сардори беморхона рафта, мактуб ва дипломи хатми донишгоҳашро нишон дод. Сардори беморхона аз омадани мутахассиси ҷавон хушнуд шуда, дарҳол тамоми кормандони беморхонаро ба утоқаш даъват кард. Ба ҳозирон нигариста гуфт:
  • Имрўз барои мо - табибон рўзи фараҳбахш аст, зеро ба беморхона бисёр ҷавони соҳибистеъдод, Ёдгори писари Салим (ҷояш ҷаннат бошад) ба кор омадааст.
    Сардухтур ба ҳамин монанд чандин сухану андешаҳо баён намуда, ин ҷавонро сифат ва ситоиш кард.
    Ёдгор дилгармона ба кор шуруъ карда, дар як муддати кўтоҳ миёни кормандони беморхона ва аҳли деҳа соҳиби обрўю эътибори хосса шуд. Ҳар беморе, ки наздаш меомад, ӯро бо суханҳои пурмеҳр ва дорую дармони мувофиқ муолиҷа мекард.

Рўзе аз рўзҳо писари Ситора Мурод сахт бемор шуд ва модар ўро ба беморхона овард. Назди утоқи Ёдгор беморони зиёде меистоданд ва Ситора низ дар навбат истод. Навбаташ расид ва ба дарун даромадан замон чашмаш ба чашми Ёдгор бархўрда, лаҳзае карахт монд. Ин ҳолати ғайричашмдошт ба ҳар ду бетаъсир намонд. Оромии зиёде дар утоқи корӣ ба вуқуъ пайваст. Мурод ба модараш нигариста гуфт: “Модарҷон, ҳой модарҷон, чаро хомўшӣ? Охир ба духтур беморӣ ва ҳолати манро гӯй.” Ситора канда-канда вазъияти писараш Муродро шарҳ дод ва Ёдгор мувофиқи гуфтаҳои ў дорую дармон фармуд.
Дар вақти рафтан таъкид кард, ки ҳатман ҳар ҳафта Муродро биёрад, то ҳамеша аз ҳолаш бохабар бошад. Баъд аз ин воқеаи дар ҳаёти онҳо дубора рухдода ҳар ду шод буданд. Аз дилашон мегузашт, ки кадом хурсандие онҳоро дар пеш аст. Ёдгор аз ҳарвақта дида имрўз хеле шод буд ва ба хона омада, тамоми ҳодисаи рухдодаро ба модараш нақл кард. Модар низ даст ба дуо бардошта, аз Худованд ба хайр гардонидани ин корро хост.


Зиндагӣ ҳамоно идома дошту ҳар касе аз пайи кору зиндагии худ машғул буданд. Ёдгор суроғаи кори Ситораро пайдо намуда, рўзе бо ў дар хусуси ҳаёту рўзгораш пурсон шуд.
Ситора мушкилоти ба сараш омадаро ба тафсил нақл кард.
Баъди ин вохўрӣ Ёдгор таклиф намуд, ки агар розӣ бошад, ўро ба занӣ мегирад. Ситора барои фикр кардан муҳлат хост.
Аз байн чанд муддат гузашт. Ёдгор воқеаро ба модараш низ нақл карда нияташро гуфта буд. Ниҳоят ҳама барои хонадоршавӣ розӣ шуданд. Рўзи тӯйро муайян карда, бо шукуҳу ҷалоли хосса маърака намуда, мардуми деҳаро зиёфат доданд.
Падари Ситора, ки чанд сол боз аз деҳа кӯчида рафта буд, дар хурсандии фарзандаш иштирок намуд. Афсӯсу пушаймонӣ мекард, ки барои барпо намудани оила нисбати ин ду ҷавон монеа шуда буд.
Ситора он рўзгореро, ки паси сар карда буд, ба хотир оварда, хеле ашк рехт ва шукр намуд, ки соҳиби хонаву дар ва зиндагии шоиста аст.

пешина
аз 194