Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ёдгор ба ин монанд чандин факту далелҳои воқеӣ баён кард. Ҷамъомадагон ба донишу маҳорат ва инсондўстии Ёдгор аҳсан гуфта, дар ин роҳи заҳматталаб, аммо пуршараф, ба ӯ барору комёбӣ хостанд.
Ёдгор баъди роҳхатро гирифтан ба назди модараш омада, асли воқеаро шарҳ дод. Дар аввал модар каме нороҳат шуд, вале ҳамсояҳои меҳрубону дугонаҳояш ба ёдаш расид ва дарҳол барои ба деҳа рафтан розӣ шуд. Пагоҳ бо дуо ва розигии тағоҳояш ба сафар баромада, рўзи дигар ба манзили худ расиданд. Хеле вақт дар хонаи онҳо касе истиқомат ва зиндагӣ намекард, аз ин рў чанд соат барои ҷо ба ҷо кардани атрофи хона ва ашёҳои он машғул шуданд. Ҳамсоягон чун фаҳмиданд, ки Ёдгор ва модараш ба деҳа омадаанд, ба дидани онҳо шитофтанд. Дидан баробар ҳамсоягон ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, хеле ашк рехтанд. Пас аз лаҳзае хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Пас аз ҳолу аҳволи ҳамдигарро пурсон шуда, баъзе кору тағйироти дар деҳа шударо ба модари Ёдгор нақл карданд.
Ҳамсоязанҳо болои кати ҳавлӣ нишаста, аз ҳар боб хеле суҳбат карданд. Ҳини суҳбат гуфтанд, ки Ҷобир духтари нозанинаш Ситораро ба писари хешаш хонадор кард, аммо, мутаассифона, зиндагии хубро нодида, бо як писар ҷудо шуданд.
Ситора дар хонаи падар зиндагӣ кардан нахоста, хонаеро иҷора гирифта, дар корхонаи ресандагӣ ба кор даромад. Чанд маротиба гуфтанд, ки шавҳар кунад, ба ҷони ҷавонаш ситам накунад. Аммо ба ин розӣ нашуд, чандин ҷавононе пайдо шуда, хостанд зан кунанду бо ў зиндагӣ намоянд, розӣ нашуд.
Дар ҳамин вақт Ёдгор низ аз куҷое омада, бо ҳамсояҳо ва дугонаҳои модараш салому алейк карда, ба хонаи дигар гузашта, болои кӯрпаи паҳнкардашуда дароз кашид. Хеле ба фикр рафта, ниҳоят хобаш бурд.
Модар ӯро аз хоб бедор кард, ки дар вақти намози шом хоб намекунанд. Ёдгор аз хобаш хеста, дасту рў шуст ва ба назди дастархон нишасту ба хӯрдани хўроки шом шуруъ намуд.
Модар ба писар нигариста гуфт:

  • Шукри Парвардигор, писарам, акнун ту калон шудӣ. Биё, розӣ шаву ба ягон ҷой ба хостгорӣ равем.
пешина
аз 194
навбатӣ