Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба таъкиди муаллифи очерк Ҷамолиддин Сайфиддин агар инсон касби худро дӯст дорад ҳатман ба мақсаду маромаш мерасад. Зеро маҳз касбу ҳунар, донишу ҷаҳонбинии густарда ва ахлоқи ҳамида инсонро дар ҷомеа соҳибэҳтиром мекунад. Аз ин рӯ, бояд ҳар фард дар ҷомеа касби муайяне дошта бошад, то тавассути он ҳам зиндагии худро пеш барад ва ҳам ба дигарон ёрӣ расонад.
Қаҳрамони очерк дорои чунин хисоил мебошад, ки аз он натанҳо худ, балки дигарон ҳам манфиат мебинанд. Ин ҷиҳатро очеркнавис бо лаҳзаҳои таъсирбахши дар ҳамбастагӣ бо ҷаҳони ботинии қаҳрамон нишон медиҳад, ки ин ба муассириву ҷолибии очерк мусоидат намудааст. “Ҳаҷми кору масъулиятҳои рӯзмарраи кормандони бахши котибот дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” ба ҳадде зиёд буд, ки аз субҳи барвақт то охири соати корӣ, танҳо ба ҳангоми ғизои нисфирӯзӣ ва ё бо баҳонаи чойнӯшӣ аз назди мошини ҳуруфчинӣ канор мерафтам.
Зеро ба унвонии рӯзнома ончунон маводу матлабҳои дастнавис зиёд ворид мешуд, ки болои мизи кориам ҳеҷ гоҳ холӣ набуд, - табассумомез риштаи суҳбатро кушод бонуи Шаҳринисо”.
Шаҳринисо дар баробари чопи дастхатҳои журналистон худ низ манфиат мебардошт. Зина ба зина сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва касбияти эҷодияш низ такомул меёфт, ки ин ба навиштани маводи журналистӣ замина мегузошт. Ҷамолиддин Сайфиддин дар очерк ба ин бахши фаъолияти қаҳрамонаш низ таваҷҷуҳ намуда, чунин менависад: “Фароҳам овардани шароитҳои хуби зиндагӣ, ташаккули ҷаҳонбиниву такмили ҳунару касбият ва чӣ гуна хушбахту саодатманд умр ба сар бурдани инсон, пеш аз ҳама, аз худи ӯ вобастагӣ дорад. Зеро новобаста ба шароиту имкониятҳои мавҷуда ва дастгириву роҳнамоии волидону устодони раҳнамо, ҳар як мо бояд, масири зиндагии хешро худ интихоб намоем. Шукронаи тинҷиву осудагии Тоҷикистони азизамон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ се фарзандро бо меҳнати ҳалол ба воя расонида, соҳиби касбу кори гуногун кардаам, - мегӯяд Шаҳринисо Шералиева.

пешина
аз 194
навбатӣ