Нигоҳи чашму дил

Тавре дар боло зикр намудем, Ҷамолиддин Сайфиддин бештар аз имкониятҳои жанрҳои лавҳаю очерк ва қиссаҳои ҳуҷҷатӣ истифода намуда, рӯзгор ва фаъолияти шахсиятҳои касбу кори гуногунро бо ҷолибиву рангорангӣ инъикос намудааст. Очерки “Ҳарф-ҳарф дар нӯги ангуштон ҳунар дорад ӯ” диққати моро миёни дигар нигоштаҳои публитсистиаш бештар ҷалб намуд. Ин очерк дар моҳи марти соли 2024 дар маҷаллаи “Сафо” чоп шудааст. Дар очерк фаъолияти Шаҳринисо Шералиева, мутахассиси кор бо мошинҳои чопи дастӣ, ки аз зумраи касбҳои мушкил ба ҳисоб меравад, маълумот медиҳад.
Чопи дастхатҳои аҳли эҷод барои мутахассисони кор бо мошинҳои чопи дастӣ мушкил аст, зеро ҳар нафар ҳусни хату тарзи хоссаи навиштор дорад. Барои ин таҷрибаву малакаи касбӣ доштан зарур аст. Қаҳрамони очерки мазкур Шаҳринисо Шералиева дорои чунин донишу таҷрибаи бою ғанӣ мебошад.
Аслан, инсон агар касбу шуғли худро дӯст дорад ва барои рушду камолоти касбияш талош намояд, ҳатман муваффақ мегардад.
Чунончи дар очерк омадааст: “Меҳтарони соҳаи матбуоти Хатлон қисса мекунанд, ки дар он солу замон хабару гузориш, очерку лавҳа ва дигар маҳсули эҷодии рӯзоманигорон дар шакли дастнавис ба идораҳои рӯзномаҳои ворид гардида, илова бар ин, ҳама номаву мактубҳои воридотиро котиб ва коргузори идораи нашрия дар мошинҳои чопӣ ҳуруфчинӣ мекарданд. Биноан, кори ҳуруфчинӣ аз корманди ин бахш донистани забонҳои тоҷикиву дигар лисони мардумони муқимии Тоҷикистон ва донистани имлои забонҳои тоҷикиву русӣ ва дигар донишҳоро тақозо мекард. Даврони ба нашрияи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, имрӯза “Набзи Бохтар” ба кор даъват шудани Шаҳринисо Шералиева, мутахассисони кор бо мошинҳои чопи дастӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ангуштшумор буданд”.
Аз мутолиаи очерк хонанда дарк мекунад, ки тамоми муваффақияту комёбӣ ва рӯзгори осудаи қаҳрамони марказии очерк Шаҳринисо Шералиева аз меҳнати суботкоронаву дӯст доштани касб вобастагии калон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё