Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар оянда пажўҳиш намудани осори дигар адибони ҳавзаи адабии Хатлон низ дар назар гирифта шудааст.
Ғаффоралӣ Сафар 27-уми январи соли 1950 дар деҳаи Пуштаи бедҳои ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаб дар соли 1968 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ супорида, онро соли 1972 бомуваффақият хатм мекунад. Солҳои 1973 то 2002 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №17 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва баъдан дар вазифаи ҷонишини директори муассисаи мазкур низ фаъолияти пурсамар намудааст. Дар ин миён солҳои тулонӣ дар рўзномаи ноҳиявӣ, бахусус рўзномаи “Зафар”-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва аз соли 1978 то 1980 дар рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қўрғонтеппа” (ҳозира “Хатлон”) ба сифати рўзноманигор ва мусаҳҳеҳ фаъолият намудааст. Сипас, устод Ғаффоралӣ Сафар аз соли 2003-юм то соли 2017-ум ба ҳайси омўзгор, саромўзгор ва мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”) кор кардаанд. То ба имрўз оид ба рўзгор ва фаъолияти эҷодии Ғ. Сафар таълифоти мукаммали илмӣ ба вуҷуд наомада бошад ҳам, дар китобҳои алоҳида, қомусҳо, саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои илмию оммавӣ ва сомонаҳои интернетӣ маълумоти нисбатан зарурӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар китоби “Ноҳияи Москва: 50 сол” (ба муносибати 50 солагии таъсису рушди собиқ ноҳияи Москва, ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1999), «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (1998), «Фурўғи ирфони Вахшонзамин» (2003), «30 соли дирўз ва имрўзи Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав»
(2008), «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав – зодаи Истиқлолият» (2016), “Чеҳраи Хатлон” (Маълумоти кўтоҳ оид ба таърихи нашрияи “Хатлон” ва журналистон (2013) ва “Донишномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2021) ва ғайра дарёфт намудан мумкин аст.

пешина
аз 194
навбатӣ