Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

НАЗАРЕ БА РӮЗГОР ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ
ЭҶОДИИ ҒАФФОРАЛӢ САФАР
Омўзишу таҳқиқи рўзгор ва фаъолияти илмию эҷодии адибон, бахусус суханварони ҳавзаи адабии Хатлон, солҳои зиёдест, ки таваҷҷуҳи муҳаққиқони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб намуда, дар ин самт корҳои арзишманди пажўҳишӣ ба вуҷуд омадаанд. Намояндагони шинохтаи ин ҳавзаи адабӣ, амсоли Сайдалӣ Вализода, Мирзо Латиф Раҳимзода, Ғаффор Мирзо, Саидҷон Ҳакимзода, Ашур Сафар, Ғафур Мулло, Пирумқул Сатторӣ, Ҳақназар Ғоиб, Салими Хатлонӣ, Искандари Хатлонӣ, Муҳаммад Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Озар, Рустами Хомарахш, Ғаффоралӣ Сафар, Сафармуҳаммади Аҳмад, Чўпон Бадали Ванҷӣ, Акрам Ризом, Амиршоҳи Хатлонӣ, Сайҷаъфар Баёзӣ, Усмон Билолӣ, Офоқи Қодириён, Сайид Раҳмон, Қаҳҳори Мўсо, Қосимҷон Зарифӣ, Одина Раҳмон, Ислом Юсуфӣ, Нурмуҳаммад Сироҷӣ, Иброҳим Саид ва даҳҳо нафарони дигаре мебошанд, ки бо осори арзишманди худ натанҳо дар қаламрави кишвар, балки дар хориҷи он низ фарҳангу тамаддун ва адаби миллати тоҷикро муаррифӣ намуда, суннатҳои адабии гузаштагонамонро ҳифзу идома додаанд.
Рўзгор ва фаъолияти эҷодии баъзе аз ин адибон мавриди пажўҳиш қарор гирифта бошад ҳам, осори аксарияти онҳо аз мадди назари муҳаққиқон дар канор мондааст. Дар ин самт аз пажўҳишҳои номзадҳои илми филология Аҳмадов С., Икромова М. ва Раҳмонов М. ёдовар шудан бамаврид аст, ки доир ба рўзгор ва фаъолияти эҷодии Ғаффор Мирзо, Мирзо Латиф Раҳимзода ва Ғафур Мулло бахшида шудаанд. Дар иртибот ба ин масъала метавон фаъолияти эҷодии Ғаффоралӣ Сафарро қайд намуд, ки ҳамчун адиби нуктасанҷ ва журналисти соҳибистеъдод миёни аҳли илму адаб маълум аст. Хушбахтона, айни ҳол докторанти PhD-и кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Лайламои Худойназар, таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти донишгоҳи мазкур Аҳмадов Сафармуҳаммад рўзгор ва фаъолияти эҷодии ин адиби соҳибистеъдодро мавриди омўзишу таҳқиқ қарор додааст.

пешина
аз 194
навбатӣ