Нигоҳи чашму дил

Зиндагиномаи падару модар барои фарзандону келинҳо ва насли баъдӣ намунаи ибрат аст.
– Вақте ки ман ба ин оила омадам, маро ҳамчун келин не, балки ҳамчун фарзанд ва духтари худ қабул намуданд. Ман аз ин оила хеле чизҳоро омӯхтам. Худро хушбахт меҳисобам, - гуфт зимни суҳбат келини хонадон Барфина Раҳмонова.
Дар ин оила эҳтирому боварӣ ва меҳнатдӯстиву масъулият ҷойгоҳи хоса дорад. Усто Бекмурод дар зиндагӣ кӯшиш менамояд, ки ба фарзандон, келинҳои хона ва наберагон дарси инсондӯстӣ омӯзад.
– Ман аз хусуру хушдоманам бисёр хислатҳои неки инсонӣ, аз ҷумла қабули меҳмону меҳмондорӣ, муносибату эҳтироми хешу табор ва ҳамсоягону дӯстонро омӯхтам. Онҳо бароям намунаи ибрат мебошанд. Ҳамеша ҳамчун фарзанд ба мо келинҳо муроҷиат мекунанду дар ҳама кор ёрӣ мерасонанду роҳнамо ҳастанд, - қайд намуд зимни суҳбат келини дигари хонадон Гулбаҳор Назарова.
Усто Бекмурод ҳамчун омӯзгор низ муваффақу сарбаланд аст. Зеро заҳматҳояш самар доранд ва натиҷа ин аст, ки шогирдони ӯ дар ҳар озмуну олимпиада ва чорабиниҳои гуногун ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.
– Ман аз кӯдакӣ ба фаъолияту масъулияти падарам таваҷҷуҳ намуда, меҳри омӯзгориву рисолати таълимиву тарбиявиро нисбати насли наврасу ҷавони кишвар дӯст доштам.
Интихоби касби омӯзгорӣ барои ман тасодуфӣ набуд. Имрӯз дар ҷараёни фаъолияти педагогӣ ба мушкилие рӯ ба рӯ гардидам, ҳатман аз падарам маслиҳат мепурсам. Дар ҳама ҳолат падарам барои ман идеал ва роҳнамои кору фаъолиятам ҳастанд, - мегўяд фарзанди омўзгори усто Бекмурод Дилрабо Иброҳимзода.
Дар ҷаҳонбинии усто Бекмурод меҳнати ҳалол ҳикмати бузург дорад. Ӯ бо илм, ҳунар, санъат ва кабку асп роз мегӯяд.
Ободию сарсабзиро дӯст дорад. Аз кӯҳҳои баланд арчаҳои хушбӯ оварда, дар ҳавлияш сабзондааст. Як рустоии софдил ва дилбастаи ҳунар мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё