Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Орзу мекунам, ки ягон набераашон касби ӯро аз худ намояд, - мегӯяд бо ифтихор яке аз фарзандони усто Бекмурод Яъқуб Иброҳимзода.
Дар пиронсолӣ боғ бунёд кардан шоҳкорӣ аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Бешубҳа, инсони қавиирода созандаву бунёдкор аст ва ин таҷрибаро ба наслҳои нав интиқол медиҳад. Дар ин ҷода бузургон барои хурдон намунаи ибратанд.
Дар як гӯшаи боғ кабк нағмасароӣ дорад. Овози ин парандаи хушхон ба инсон ҳаловат мебахшад. Нигоҳубини кабк низ кори нозук аст. Кабкпарвар бояд ҳушманду тозакор бошад.
Кабкҳо бо хислату рафтори худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Кабки шӯх бештар месарояд. Ишқу алоқа бо дарахтон, дӯст доштани кабк, аз меҳнат лаззат бурдан, дасти фитодаро гирифтан, зиндагии дигаронро осон намудан ва бо ин гуна амалу дарку ҳавасҳо зистан рисолати инсони созанда аст.
Ин хислатҳо усто Бегмуродро водор кард, ки ташаббускору ободгар бошад. Чунки замоне назди ин чашма сокинони деҳа барои об гирифтан дар навбат меистоданд. Ҳоло не. Акнун об дар ҳар ҳавлӣ ҷорист.
– То ба ин рӯзи хуш расидан талошҳои зиёд харҷ шуд. Дар саргаҳи кор усто Бекмурод қарор дошт. Ӯ он замон раиси маҳалла буд. Мушкили беобиро дарк кард. Болову поин давутоз намуд. Ниҳоят бо ёриву кумакҳои хайрхоҳона аз масофаи дур чашмаҳои кӯҳиро ба воситаи қубурҳо ба деҳа овард. Ҳоло ба ин минвол об ҷорӣ шуда, дар зарфҳои бузург захира мегардад ва сипас ба ҳар оила баробар тақсим мешавад, - гуфт зимни суҳбат Шаҳзода Юлдошева, сокини деҳаи “Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Усто Бекмурод дар 23-солагӣ издивоҷ кард ва дар тули умр соҳиби 6 фарзанд шуд. Онҳоро бо меҳнати ҳалоли омӯзгорӣ, зинтарошӣ ва боғпарварӣ ба воя расонд. Соҳиби маълумоти олӣ кард. Ва ҳоло яке корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигаре табиб, сеюмӣ омӯзгор ва дар умум ҳар кадом бо касбу ҳунар ва мақому мартабаи шоиста дар хидмати мардум ва пайи ободии Ватан камар бастаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ