Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо ҳавас ба ӯ менигараму аз дил мегузаронам: “Дар либоси коргарӣ аҷаб зебост!”.
Дарк мекунам, ки ин зебоии ботинӣ аст.
Ғайрату матонаташ ҳам аз ҳамин чашма об мехӯрад.
– Мо бетон не, ишқ, меҳру муҳаббат ва сидқу садоқат мерезем”.
Қайд намудан зарур аст, ки яке аз хусусияти таҳлилу инъикоси мавзуъ, бунёди иншооти азими аср дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо, аз ҷумла дар насри ҳуҷҷатӣ - “Достони Роғун”, истифодаи гуфтугӯйи ду ва зиёда одамон мебошад. Ин муколамаҳо дар кушодани дунёи ботинӣ, донишу ҷаҳонбинӣ ва фаъолмандии ҳар кадоме аз қаҳрамонҳояш мусоидат намудаанд.
“... – Пас чаро ба Тоҷикистон омадӣ?
– Барои он ки дурнамо пайдо шуд.
– Дурнамо? Чӣ будааст он?
– Роғун, – посух дод Хайрулло. – Бале, Роғун маро ҷалб кард ва неру бахшид. Ба худ гуфтам: “Ба пеш!”.
Сардор нобоварона пурсид:
– Ё ки ҳаваси пули калон туро овард?
– Ҳаргиз! – қатъӣ гуфт Хайрулло. – Пул не, ҳеҷ гоҳ дар ғами пул набудам. Ва имрӯз ҳам нестам...
Сардор сухани ӯро бурид:
– Пас чӣ?
Хайрулло бо ҳамчунон оҳанг гуфт:
– Нангу номус ва орзуи ширин”.
Асоси ҳама гуна асари публитсистиро воқеияти иҷтимоӣ ва ҳуҷҷатнокӣ ташкил медиҳад. “Дар ин замина як рукни осори публитсистӣ ҳуҷҷатнокӣ буда, ҷиҳати ҳаллу фасли масоили мубрами ҷомеа фаъолмандии иҷтимоии эҷодкор ва шахсиятҳои он дар тадқиқи ҳамаҷонибаи рӯйдодҳои ҳаётӣ яке аз унсурҳои асосии насри мустанад шинохта хоҳад шуд”.
Ҳамаи қаҳрамонҳои тасвирнамудаи адиб ва публитсисти воқеънигор Шералӣ Мӯсо нисбат ба тақдири худу ояндаи миллату давлат, гармиву рӯшноӣ бахшидан ба рӯзгори мардум бетафовут нестанд.

пешина
аз 194
навбатӣ