Нигоҳи чашму дил

Шералӣ Мӯсо қаҳрамонҳои қиссаи ҳуҷҷатии худ “Достони Роғун”-ро ҳамаҷониба омӯхта, ба фаъолияти ҳар кадомашон дуруст зеҳн монда, дар натиҷаи суҳбату вохӯриҳо ва мушоҳидаҳо лаҳзаҳои ҷолибу таъсирбахш аз ин василаҳо мақсаднок истифода намуда, таъсирбахшӣ ва ҷолибияти асарашро таъмин намудааст. Аз ҷумла, фаъолияти пурсамари директори генералии ҶСШК “НОРАКНБОСОЗ” Шодмон Абдуллоев, ҷонишини мудири шуъбаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун Нуралӣ Носиров, сармуҳандиси сохтмони неругоҳи Роғун Укуматшо Ширинбеков, сардори дирексияи Роғун Зиёратшо Ашӯров, раиси ШСХ “Барқи тоҷик” Ҷӯрабек Нурмуҳаммад, сардори сохтмони неругоҳи Роғун Саидамир Сиёҳмардов, сардори бригада Тоҷ Қодиров, кафшергар Абдукарим Саидраҳмонов, муҳандиси муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ Ҳакимшо Пиров, танзимгари базаи мошинҳои вазнин Ҳикматулло Аҳмадов, сохтмончиён Бахтиёр Маҷидов, Алимардон Авазов, Хайрулло Асоев, Икром Комилов, Асадулло Холов, Хайрулло Идиев ва нафарони зиёде инъикос ёфтаанд, ки боиси омӯзишу пайравӣ мебошанд. Аз ин миён фаъолияти яке аз сохтмончиёни ҷавони ин иншоот Бахтиёр Маҷидов нисбатан муассиру диқққатҷалбкунанда мебошад. “Бахтиёр як коргари одӣ, яке аз шаш ҳазор нафарон аст. Чеҳрааш офтобхӯрдаю шамоллесида ва обутобёфта. Дастонаш шахшули обиладор. Вай боре ҳам нагуфт, ки Ватанам ҳастии ман, ҷону дилам. Танҳо бо дили пур изҳор намуд:
– Мо Неругоҳи Роғунро месозем!
Ва баъдтар боз гуфт:
– Бо дастони худ сохтани Роғун чӣ нишоту хушбахтӣ дорад.
Барҳақ, бо дастони худ сохтани тақдири худ саодати беназир аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё