Нигоҳи чашму дил

Ин андешаҳо бори дигар исботи худро дар очерк ба пуррагӣ ёфтааст. « - Рафиқон, - ба сухан даромад Жадов, - имшаб ба туфайли ҳушёрии сарҳадбони мо гурўҳи мусаллаҳи вайронкорони сарҳад дастгир карда шуд. Ман ба Қодир Бўбиев барои ин далерию шуҷоаташ миннатдорӣ эълон мекунам!».
Баъди пароканда шудани гурўҳи босмачиён Қодир Бўбиев масъули мақомоти давлатӣ шуда, сохти ҷомеаи тозабундёро ба ҳамдеҳагонаш шарҳ медод. Ў роҳҳои саводнок намудани халқи меҳнаткаш, таъмини зиндагии шоиста ва масъулиятшиносиву ваҳдатгароиро омили асосии пешрафти ҷомеа ва давлат медонист. Аз сўи дигар, боло бурдани ҳисси меҳанпарастӣ ва ҳифзи онро қарзи шаҳрвандиву виҷдонии инсоният меҳисобид.
Соли 1941 Германия аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум мекунад ва Қодир Бўбиев дар баробари даҳҳо ҳазор ҳамдиёрони худ ба муҳофизати ватан сафарбар мешавад.
Қодир, ки аспсавори хубу моҳир буд, хоҳиш менамояд, ўро ба қисми савора равон кунанд. Афсарону сарбозон баъди гузаштан аз курси махсуси тайёрӣ дар шаҳри Душанбе ба майдони набард мераванд, ки ў ҳам дар ин миён буд. «- Аввалин бор ҷанги ҳақиқиро дар шаҳрчаи Камишинои Сталинград дидам, - ба хотир меорад Қодирамак. Пас аз задухўрди шадид аскарон истироҳат мекарданд. Қодир ба зодгоҳаш мактуб менавишт. Ў аз аввалин задухўрд сиҳат баромадани худро маълум мекард».
Имтиҳони ҷиддии қаҳрамонӣ дар майдони ҷанг ҳоло дар пеш буд ва Қодир ҳамеша талош менамуд, ки рисолат ва қарзи фарзандии худро софдилона ва далерона иҷро кунад. Тамоми роҳбарону қумондонҳо ба ў боварии комил доштанд, зеро дар марҳилаҳои мураккаби набард ҳамяроқони худро наҷот медод ва душманро сарнагун мекард. Се рўз пеш як полки разведкачиён аз ҳудуди ҷойгиршавии базаи ҳарбӣ хеле дур рафта, бенишон шуданд. Қодир ва ду ҳамяроқаш Седов ва Максимов вазифадор гардиданд, ки бояд ҳар чи зудтар аз вазъияти ин полк бохабар гарданд ва робитаро бо маркази қисми ҳарбӣ барқарор намоянд. «Ў бо ҳамроҳонаш аз рўи харита роҳӣ шуда, масофаи дуреро паймуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё