Нигоҳи чашму дил

Қодир Бўбиев аз давраи наврасию ҷавонӣ орзу дошт, ки мисли ҳамдеҳагони худ ҳамеша ин марзу бумро аз дасти ғоратгарон, душманони асосии инсоният ҳифз кунад. Ҳамин шӯру шавқи зиёд боис гардид, ки дар аввалин кўшишҳояш дар ин ҷода муваффақ гардаду нотарсиву далерии хешро исбот намояд. Публитсист қаҳрамони худро далеру шуҷоъ, донишманду муборизи роҳи озодӣ ва муқобили душман тасвир намуда, ўро ҳамеша дастболо нишон медиҳад. Солҳои 1925-1930 дастаҳои ғоратгарону босмачиён дар ҳудуди мамлакат бештар гардида, амалҳои нангину ғайриинсониро содир мекарданд. «…
Хунхорон пас аз чандин зарбу латҳо фармондеҳро бар сари санге шинонда паронданд. Қодир, ки аз ҳамаи ин бедодгариҳо огоҳ буд, бо роҳи пинҳонӣ байни чакалакзор ба назди Алексей Семёнович Жадов тозон шуд…
– Маро ҳам ба аскарӣ қабул кунед, - зуд-зуд нафас кашида гуфт Қодир ба назди Жадов омада. – Ман барои хуни фармондеҳи Аскарони Сурх Назаров қасос мегирам». Бо тасвири ин манзара, симои қаҳрамон дар очерк пурратар гардида, аз ватанпарастиву инсондўстии ў дарак медиҳад. Дар ҳама лаҳзаҳои вазнин қодир Бўбиев омодааст, ки барои ҳифзи Ватан сина сипар кунад, то ҳамдиёронаш орому осуда зиндагӣ намоянд. Чунончи: «Саворон, ки суроби онҳо акнун ба чашми Қодир менамуд, андак таваққуф карданд. Пас ҳама якбора аспҳоро қамчин зада, ба ҳуҷум даромаданд. Гранатаи Қодир ононро бесару сомон кард. Дар ҳамин лаҳза сарҳадбонон низ даррасида, ба тарафи ғоратгарон гранатаҳо ҳаво доданд.
Вайронкорон дар ҳалқаи дуду оташ монда буданд ва ночор ҳамаашон силоҳҳоро партофта, даст боло карданд…». Ҳеҷ гоҳ амали неку шоистаи ғамхору муҳофизи халқу Ватан аз ёду хотироти касе фаромўш намешавад. Чунончи муҳаққиқи соҳа Асадулло Саъдуллоев қайд мекунанд: «… Ў мехоҳад абадияти ному муравваҷ будани руҳи родмардони диёрро ба мавқеъ зикр намояд. Қонунмандиҳои публитсистика ин тарзи нигоришро меписанданд». Онҳо ҳамеша барои дигарон намуна, роҳнамои зиндагӣ ва фарди поктинату хирадпеша шинохта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё