Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фашистон мушак парронда, роҳро равшан мекарданд, - нақл менамояд Қ. Бўбиев.
– Мо баъди ин ҳолат ба рўи замини пурбарфу яхбаста ҷафс шуда гаваккашон мерафтем. Қарибиҳои субҳидам полкро ёфта, ҷавоби номаро овардем». Қодир Бўбиев бо ин амали ҷавонмардонаи худ бо медали «Барои мардонагӣ» қадршиносӣ шуд ва баъди ин кору амали шоёни таҳсин эътимоду боварии роҳбарон ва афсарону сарбозон ба қобилияти баланди ў бештар гардид. Супориши дигар ба аскарони разведкачӣ аз ҷониби роҳбари полки ҳарби муайян гардид. Онҳо бояд мавқеи ҷойгиршавии душман, шумораи дақиқи яроқу аслиҳа ва техникаи онҳоро меомўхтанд. Ин вазифа ва уҳдадориро низ сарбаландона иҷро намуд. Чунончи: «Қодир Бўбиев бо як даста аскарон ба разведка рафта, мавқеи техникаи душманро дар харита қайд намуд. Ҳангоми бозгашт разведкачиёни мо як нафар гитлерчиро низ асир гирифтанд, Қодир ӯро ба аспаш бор карда овард». Ин омил боис гардид, ки афсарони Шуравӣ дар мубориза ба душман дар асоси далелҳои бадастомада амал намуда, муваффақ шаванд. Барои нотарсиву шуҷоат ва анҷоми муваффақонаи супориш Қ. Бўбиев ва ҳамсафонаш бо медали «Шараф» сарфароз шуданд. Ў то лаҳзаҳои охири ҷанг дар майдони набард ба муқобили душман ҷангида, бо ордену медалҳои фаровон ба зодгоҳаш баргашт. Баъди хотимаи ҷанг чун роҳбари кордон, шахси рўзгордида, деҳқони асил дар самтҳои гуногун фаъолияти пурсамар намуда, дар ободиву шукуфоии ин гўшаи диёр саҳми шоиста гузошт.
Очерки дигари публитсисти воқеънигор Бахтиёр Муртазо «Аз Кофарниҳон то Одер» унвон дошта, қаҳрамониву матиниродагии фарзанди баруманди халқи тоҷик Девонақул Ҷўраевро дар бар мегирад.
Адиб манзараи пурдаҳшатеро, ки дар овони кўдакӣ қаҳрамон бо чашми сар дидаву нафраташ нисбати ашхоси ҷангҷўю бадхоҳ зиёд шуда буд, воқеӣ тасвир намудааст, чунончи: «… Рўзе дар саҳни ҳавлӣ, рўи бўрё менишаст, ки ногоҳ ба ҳавлиашон як гурўҳ одамони мусаллаҳи туршрў зада даромаданд.

пешина
аз 194
навбатӣ