Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки нигоҳубини асп қоидаҳои худро дорад. Усто Бекмурод аспи худро аз мошини қиматбаҳо беҳтар медонад. Асп ифтихори ӯст.
– Агар ҳоло ман бо мошини хориҷӣ аз деҳа гузарам, ҳеҷ кас ба ман таваҷҷуҳ намекунад. Бо асп гузарам, пиру барнои деҳа ба ман таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Асп номбардор аст. Аспи хуб бошад, номи ҷавонмардро баланд мебардорад. Асп бад бошад, тарбияи он мушкил аст. Нишонаи аспи хуб ин ёли кам, думи кам, пои борик ва дигар нишонаҳо мебошад.
Адабиёти тоҷик шуруъ аз “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ то “Достони асп”-и Давлат Сафар дар хусуси асп ва шукуҳу ҷалоли он мисраъҳои заррин дорад. Шоир Давлат Сафар дар васфи асп мегӯяд:
Вафодориашро сутудан кам аст, Вафо дар вуҷудаш чу як олам аст.
Сифоташ дар ин раҳ бувад бебаҳо, Сириштанд ӯро зи хоки вафо.
Чу ў бо садоқат бубояд, ки зист, Раҳи нангу ораш парастиданист.
Ҳама хулқи некаш бувад дилпазир, Сафед аст қалбаш ба монанди шир.
Бихон дарси ибрат зи аъмоли ӯ, Намонӣ ту ғофил зи аҳволи ӯ.
Ба ҳар хонадоне бувад файзбор, Хазон аз қудумаш шавад навбаҳор.
Мавзеи “Саричашма”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рустоҳои обод ва заминҳои фарох дорад. Дар ин муҳит аспдорӣ шуғли пурифтихор аст. Вақте ки аз байни деҳа галаи асп мегузарад, манзараи тамошобоб падид меояд. Аспҳо сангобро гузашта, ба чарогоҳ мераванд. Дар ин тангно ҳалқа ташкил карда, бо усули бандпартоӣ аспи лозимиро доштан мумкин аст.
Агар кӯдакон ёрӣ расонанд, кор осонтар хоҳад шуд.

пешина
аз 194
навбатӣ