Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин хотир ҳунари зинтарошӣ аз насл ба насл то имрӯз ҳифз шуда меояд.
– Дар баробари зин лаҷом ҳам медӯзам. Барои келинҳо кафлез ҳам тайёр мекунам. Думра ҳам метарошам. Вале барои зинтарошӣ завқи зиёд дорам. Дар зимистон ҳамроҳи оилаам назди печи аловӣ нишаста, зин омода мекунам. Як писарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ин касбро ба ӯ омӯзонидаам.
Вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашт, ният дорам, ки ин хонаро ба ӯ диҳам ва ин касбро ба пуррагӣ омӯзонда, дуояш диҳам.
Агар устои зинтарош ба аспсаворию асппарварӣ завқ дошта бошад, он гаҳ дунёи ӯ пур аз шӯру шавқ ва дилгармӣ ба ҳаёт мегардад. Усто Бекмурод шефтаи ин тарзи зиндагӣ аст.
Соате бо чӯб роз мегӯяд ва соате бо асп, ки ин ҳар ду олами зебоеро пеши назар меоранд. Дилбастагӣ бо асп ба ӯ оромиш мебахшад. Ҳамеша бо аспҳои худ аст. Нисбати онҳо ғамхорӣ мекунад ва аз шодиашон завқ мебарад.
– Асппарварӣ барои мо аз давраи падару бобоҳо боқӣ мондааст. Нақл мекарданд, ки бобои мо номбардори ин сарзамин будааст. Асп дӯсти инсон аст. Асп қувват ва зеби ҷавонмард аст. Тамоми донишмандони олам медонанд, ки шоҳаншоҳони бузург аз Ҷамшед сар карда, то шоҳ Искандари Мақдунӣ ва Исмоили Сомонӣ ҳатто то инҷониб бо асп сару кор доштанду доранд.
Нимҳамвории канори деҳаи “Саричашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойи мувофиқ барои аспсавориву аспдавонӣ аст. Агар зин хуб бошад, суръати асп афзоиш меёбад. Ин ҷонвари чолоку рамузкор ба соҳиби худ вафодор аст.
– Ҳеҷ кас ёд надорад, ки асп соҳиби худро дар танҳоӣ раҳо карда бошад. Ин инсон аст, ки инсонро танҳо мегузорад. Асп ба инсон хиёнат намекунад, ба шарте ки бо асп муносибати хуб дошта бошед. Агар дар болои асп муносибати дағал кардӣ, қасд мегирад.
Асппарварӣ шуғли қадима аст, ки бо вуҷуди пешрафти технология ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст. Дӯстдорони асп ба ин касбу кор эҳтиром доранд ва ҳаёти худро бе ин ҷонвар намеписанданд.

пешина
аз 194
навбатӣ