Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин силсилаочеркҳо адиб ва публитсист Б. Муртазо аз воқеияти иҷтимоӣ ба таври муассир истифода кардааст, ки ин аз маҳорати баланди нигорандагӣ ва донистани қавоиди эҷод дарак медиҳад. Ба ақидаи А. Саъдуллоев, «Воқеият мактаби бузурги маърифати ҳастӣ, тағйир ва ангезаи шуур аст. Дар ҷараёни маърифати воқеият ҳусни тафоҳуми инсон бо олами аз ӯ берун ба амал меояд» ва ин омил дар шинохти ҳақиқати воқеӣ ва бадеӣ табодули афкорро ба вуҷуд меорад. Барои дарки ин ҷанбаи масъала ба баъзе очеркҳои адиб таваҷҷуҳ намудан зарур аст.
Публитсисти воқеънигор дар қиссаи ҳуҷҷатии «Вопасин умеди растагорӣ» дар баробари сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, заҳмату талошҳои журналисти соҳибистеъдоди тоҷик, вакили мардумӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализодаро ба қалам додааст, ки моҳияти онро пеш аз ҳама воқеияти замони муайяни таърихӣ ташкил медиҳад. Ҳангоме ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд, бо дахолати душманони дохиливу хориҷӣ дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омад, ки он ҷони ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳро аз байн бурд. Сокинони кишварамон, бахусус ҷавонони камогоҳ, ба сангарҳо ҷудо шуда, ба муқобили ҳамдигар бадгӯиҳо намуда, ҳатто захмиву ба қатл мерасониданд.
Аксарияти сиёсатмадорону таърихнигорон ва эҷодкорон кушта шудани Муродуллоҳ Шерализодаро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон медонанд. Чунончи дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ зикр мешавад: «...

пешина
аз 194
навбатӣ