Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин аст, ки барои муассирии сухан ва тасвирҳои ҷаззоб адибону публитсистон ба воқеияти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Адиб ва публитсисти соҳибистеъдод Бахтиёр Муртазо дар тамоми асарҳои худ, аз ҷумла «Боғбони гули кӯҳӣ» (1974), «Қасидаи бародарӣ» (1975), «Чинор дар Солони» (1981), «Лимуи тоҷик» (1983), «Ҷӯи Навдиз» (1984), «Эҳёи Бешканд» (1986), «Чашмаи офтоб» (1987), «Донишомӯзи ҷаҳонафрӯз» (1998), «Фурӯғи зиндагӣ» (2004), «Ман чароғ афрӯхтам» (2005), «Нуру нори Вахшрӯд» (2006) «Нақби Истиқлол» (2007, 2015), «Нуҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд» (2010) «Ҷавпазак» (2010), «Нурофарин» (2022) воқеияти иҷтимоиро мақсаднок истифода намудааст.
Дар насри мустанад усулҳои инъикоси воқеияти олам, раванди ҳаёти иҷтимоӣ, рӯйдоду падидаҳо мухталиф буда, шинохт ва дарки он аз ҷониби эҷодкорон як хел сурат намегирад. Аз таҳқиқоти олимон бармеояд, ки публитсистика, хосса очерк як навъи инъикоси иҷтимоист, ки ба он ду ҷанба:
тасвир ва баён дохил мешавад. Муносибати субъект ба объект аз чигунагии тасвир ва баён вобаста буда, ба қобилияту ҷаҳонфаҳмии очеркнавис иртибот дорад. Дар ин маврид публитсистон бештар аз имкониятҳои жанри очерк истифода бурдаанд. М. Шоев дар такя ба андешаҳои муҳаққиқон баъзе аз ин махсусиятҳои жанри очеркро муайян карда, ҳамзамон қайд мекунад: «Очерк жанри насри воқеъгароёна ё ҳуҷҷатӣ буда, зиндагиро дар паҳнои муҳташам ба тасвир гирифта, роҷеъ ба масъалаҳои умда ва ҳалталаби замон андеша меронад ва онро тарзе пешкаш менамояд, ки зимни баёнаш чеҳраи қаҳрамон низ пеши назар падид меояд».
Мундариҷаи асари публитсистии «Нурофарин»-ро «Вопасин умеди растагорӣ», «Рисолати беназири таърихӣ», «Оғози барномаи давлатсозӣ», «Садди сойи Оби Шӯр», «Оташи қалби инсон», «Роҳи «Нурафшон», «Оғози сохтмонро дӯст дорам», «Бригадаи аввалини нақбканон», «Пирӯзии муҳандиси тоҷик», «Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ», «Вассофи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд», «Ҷавҳари ашъори устод Лоиқ», «Оҳан механдад», «Бағали дарё», «Хориҷиён аз тоҷик меомӯзанд», «Пайрав», «Ҳикмати нодир» ва «Шогирди бародар» ташкил медиҳад.

пешина
аз 194
навбатӣ