Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфтем ҳазору як сухан хуш,
Боре ба бадӣ ягон чи гуфтем?
Як майда надидаем хубит,
Бисёр бадӣ, ягон чи гуфтем?
Кардем агар ҳазор хубӣ,
Ту ганда шудӣ, ягон чи гуфтем?
Худро, ки шинохтӣ яке ту,
Хушрӯй шудӣ, ягон чи гуфтем?
Мо масти туем, сахт мастем,
Ту масти худӣ, ягон чи гуфтем?
Як бор задем чашмакият,
Гуфтӣ, ки садӣ? Ягон чи гуфтем?
Як бӯса лабат задем ногаҳ,
Фарёд задӣ, ягон чи гуфтем?
Фарёд задию дар бари рӯ
Чарсаст задӣ, ягон чи гуфтем?
Гуфтӣ, ки Худо туро кушад, кош,
Девона шудӣ? Ягон чи гуфтем?
Худро, ба Худо, надонаму ту
Девона шудӣ, ягон чи гуфтем?

Эй духтари хола, ҷони ширин

Эй духтари хола, ҷони ширин,
Бикшой ҳамон даҳони ширин.
Ту тут хӯрию ман газам лаб,
Кай мехӯрам он лабони ширин?!
Ширин, ба Худо, зи ҷон шудастӣ,
Савганд хӯрам ба ҷони ширин.
Дар холаи ҷони хеш мурдем,
Эй духтари холаҷони ширин.
Як бӯса ба сад фиреб кандем,
Кандем ҳазор ҷони ширин.

пешина
аз 162
навбатӣ