Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худро, ба Худо, ки куштаниям
Аз пушти ду себи норасида.
Бар пат-пати беваҳо накун гӯш,
Кам нест каси балорасида.
Бигзор, ба як-ду газ бимирем,
Пеш ор ду себи норасида!

Дидам, ба Худо, анор пухтаст

Ҳайрон шудаме, анор пухтаст,
Ин мева чӣ дар баҳор пухтаст?!
Эй вой, Худо, анори ширин,
Дар боғи яке нигор пухтаст!
Кай харбуза мепазад баҳорон?
Ин харбуза дар баҳор пухтаст!
Ин харбуза бин, чунонки пухта,
Он гуна нигар, анор пухтаст!
Ку харбузаро хӯрам, чӣ рангист,
Хуштар магар аз анор пухтаст?!
Имсол ду бор мехӯремаш,
Ин харбуза дар баҳор пухтаст.
Шаҳтути ду чашм шаҳдбор аст,
Май маст шуда, хумор пухтаст.
Мардум ҳама пухтаанду мо хом,
Танҳо дили интизор пухтаст.

Чун ту, ба Худо, ки хубрӯ нест

Чун ту, ба Худо, ки хубрӯ нест.
Як сар задаме ба чор сӯ, нест.
Ин ошиқи зори ту думӯяст,
Савганд ба рӯи ту, дурӯ нест.
Май хӯрда зи лаб, газам гулӯят,
Дар хонаи мо нагӯ лимӯ нест.
Ку он, ки ҳавас нахӯрд чун мо?
Чун мо ба сари кадом кӯ нест?

пешина
аз 162
навбатӣ