Дарахти Ватан

Мардум ҳама аз ғами ту мурданд,
Мо аз ғами ту намурданием.
Мо сахтсарему сангҷонем,
Номурда ғами ту хӯрданием.
Як косаи обу як лаби нон
Мо бе ғами ту нахӯрданием.
Чун кабк нахӯрда аз гулӯят
Обе ба ҳавас, намурданием.
Себи рухи ту газиданием,
Гелоси лаби ту хӯрданием.
Афшурда анори синаҳоро,
Доруи фишор хӯрданием.
Шаҳтути ду чашми ту чашида,
Шукри ту ҳазор карданием.
Сад сол ҳавас агарчи хӯрдем,
Мо харбузаро нахӯрданием.
Мо харбузаро кушем, ҳайф аст,
Онро сари даст бурданием.
Эй духтараки сиёҳаки нағз
Эй духтараки сиёҳаки нағз,
Мурдем дар он ду поҳаки нағз.
Моро ба канори куштагонат
Куштӣ ба яке нигоҳаки нағз.
Рӯмоли туро, Худо, барад бод,
Монам ба сарат кулоҳаки нағз.
Сад роҳи расидан аст то ту,
Ҳар як, ба Худост, роҳаки нағз.
Рашке ба сафедакони хушрӯ
Ҳаргиз мабар, эй сиёҳаки нағз.
Чун оҳ кашӣ, ту мекушиям,
Хуш мекашӣ оҳ, оҳаки нағз.
Оҳи дили мо чӣ оҳ будаст?
Оҳи дили туст оҳаки нағз.
Ман хонаи бахти ту сафедак
Фардо бикунам ба оҳаки нағз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё