Дарахти Ватан

Метарсӣ, аз он ки дида моро,
Ҳангаст занад яке хари шӯт.
Дар сина ҳазору дар лабонам
Сад шеър барои ду бари рӯт.
Як бор агар бихонам, оранд
Сад бор хабар бар он кари шӯт.
Дил сӯхт барои ҳар ду поят,
Савганд хӯрам ба ду бари рӯт.
Охир, чӣ пиёда меравӣ ту?
Шав зуд савор бар хари шӯт.
Дар хоб задам ҳазор бӯса,
Зад ханда ҳазор гул бари рӯт.
Кардам, ба Худо, ки масти мастат,
Масти сари даст дар бари шӯт.
Гуфтӣ, ки чи гуна масти хоб аст,
Ҳайф аст барош як бари рӯт.
Аз хандаи ман парида бархест,
Эй, ҳуш парид аз сари шӯт.
Дидам, ба Худо, чи хоби ширин,
Ду бӯса чунон зи ду бари рӯт.
Сад ҳайфу дареғи ду бари рӯт,
Сад ҳайфи бари ту дар бари шӯт.
Мо даст ба пот бурданием
Мо даст ба пот бурданием,
Як сар ба ду по супурданием.
Як сар, ба Худо, киро надорад,
Сад ҷон, ба Худо, супурданием.
Бишмурда ҳазору як дурӯғат,
Дигар на яке шумурданием.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё