Дарахти Ватан

Мо дасти туро гирифта рафтем
Мо дасти туро гирифта рафтем,
Аз худ, ба Худо, ки рафта, рафтем.
Рафтанд ҳама ба хоби сангин,
По бар сари санги хуфта рафтем.
Хармӯҳра ба фанд мефурӯшанд,
Мо гавҳари ашк суфта рафтем.
Бо моҳу ситораҳои бедор
Мастона чиҳо нагуфта рафтем.
То домани раҳ зи даст додем,
Домони туро гирифта рафтем.
Бобои маро дурӯғ гуфтем,
Бобои туро нагуфта рафтем.
Ҷое ба замин ки хуш надидем,
Раҳ сӯи ҳаво гирифта рафтем.
Мо домани худ зи даст додем,
Домони Худо гирифта рафтем.
Садбарги тар аст дар бари рӯт
Садбарги тар аст дар бари рӯт,
Хуш меравие ту дар бари шӯт.
Садбарги тарат канам ҳавоӣ,
Гирам ба лаби худ аз бари рӯт,
Эй дар таги пои ту сари ман,
Хоки сари кӯча дар сари шӯт.
Аз бӯсаи ман шукуфт, эй кош,
Ду лолаи тар ба ду бари рӯт.
Як дил, ба Худо, ки кардам, эй гул,
Ду санг занам дар он сари шӯт.
Сад бор дурӯғ гуфта, кай шуд
Як бор сиёҳ ду бари рӯт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё